Дар Хадамоти алоқа вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ҳамоиш баргузор шуд

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар Хадамоти алоқа вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ҳамоиш баргузор шуд

Санаи 20 феврал бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паём-роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои шоиста” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, кормандони соҳаи алоқа, намояндагони шабакаҳои мобилӣ ва интернет, инчунин муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок карданд.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ифтитоҳи ин ҳамоиш зикр намуд, ки моро мебояд ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мавриди омӯзиш қарор диҳем, зеро дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамон таъкид шуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат пешниҳод мешаванд.

Сардори Хадамоти алоқа Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, барои сохторҳо ва кормандони  соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳим хонд.  “Таваҷҷуҳи асосии Роҳбари давлат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, зикр гардид. Аз ин лиҳоз солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд”- иброз Исфандиёри Саъдулло.

Дар идома Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, доктори илмҳои таърих, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Тазаккур дода шуд, ки бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мебошад. Мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ, доктори илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои рақамикунонӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.  Файзализода Баҳрулло Файзалӣ иброз дошт, ки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар самти  иқтисоди миллӣ, дар Паёми навбатии Пешвои миллат мавқеи меҳварӣ дошт. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои миллат ба баҳрабардорӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.

Умарӣ Хайём Амиршо, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, саромӯзгори факултаи 1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ” баромад намуда, зикр дошт, ки  тақвияти худшиносии миллӣ ва ҳисси меҳандӯстӣ дар ниҳоди ҳар шаҳрванди мамлакат басо муҳим ва барои давлату миллат сарнавиштсоз аст. Ба ақидаи Умарӣ Хайём Амиршо дарки воқеӣ аз муҳтавои Паём барои боло бурдани ҳисси хештаншиносӣ ва масъулиятпазирии шаҳрвандон мусоидати фаъол мекунад.

Ҳамчунин Исмоилзод Ҳаким Шамсулло, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар баромади худ доир ба аҳамияти технологияи инноватсионӣ  дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳо таъкид намуда, гуфт, ки Паёми Пешвои миллат дар ин замина раҳнамо ва ҳуҷҷати пурарзиш аст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.  Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои асосӣ амалӣ намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад.