Интернет – яке аз унсурҳои муҳими иқтисоди рақамӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, 28-уми декабри соли 2024 бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ин ташаббус амри зарурӣ ва тақозои замони муосир аст, ки технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарӣ таъсири бевосита дорад. Пайдоиши шаклҳои гуногуни иқтисоди рақамӣ ва корбурди навовариҳои муосир дар бахшҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ, намунаи аҳамияти рушди технологияи иттилоотию коммуникатисонӣ мебошад.
Рушан аст, ки тавсеаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, ташаккули фазои иттилоотӣ ва шиддатнокии ҷараёнҳои иттилоотӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки таҳти таъсири мавҷҳои суръатбахши инноватсия сохторӣ шудааст, мусоидат карданд. Тоҷикистон ба сифати яке аз аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равандҳо дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ, эълон кардани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои кишвари мо аҳамияти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто амниятию фарҳангӣ дорад.
Ҳадафи аслии ин ташаббус баҳрабардорӣ аз рушди технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад, зеро имрӯз технологияҳои рақамӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Тавассути автоматикунонии равандҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани моделҳо ва технологияҳои комилан нави тиҷорат, аз қабили платформаҳои рақамӣ, экосистемаҳои рақамӣ, таҳлили амиқи додаҳои калон, технологияҳои саноат, робототехника ва таъмини интернет баландсуръату дастрас метавон рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин намуд.
Ба ин маънӣ, ин ташаббус, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, барои ояндаи давлату миллат хеле муҳим, ҳатто сарнавиштсоз аст. Ҳамаи мо ба соддагӣ дарк карда метавонем, ки бе рушд додани иқтисоди рақамӣ ва баҳрабардории самаранок аз имконоти инноватсия ва технологияи муосир пешрафти таъмини ниёзҳои ҷомеа дар давлат мушкил аст. Мутаминан дар доираи эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ислоҳоти соҳаи алоқа вусъати тоза мегирад, зеро самти алоқа аз омилҳои муҳимтарин дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус Хадамоти алоқа нақша-чорабиниҳои мушаххасро тартиб дода истодааст, ки дар асоси он зина ба зина мутобиқати сатҳу сифати алоқаи барқӣ ба талаботи муосир таъмин хоҳад шуд.
Аз ҷумла барои татбиқи ин ҳадаф ба Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ дастури мушаххас доданд. Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ ба густариш додани насли нав – 5G равона мегардад. То ҳол 5G асосан дар шаҳри Душанб ба таври санҷишӣ ҷорӣ шудааст. Дар воқеъ раванди модернизатсияи истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ дар саросари кишвар ҷараён дорад, заминаро барои густариши таъмини аҳолӣ бо 5G муҳайё сохтааст. Бо омӯзиши ҳаматарафаи масъала, нақшаи мушаххаси густариши 5G роҳандозӣ ва амалӣ хоҳад шуд.
Бахши дигаре, ки Хадамоти алоқа барои рушди иқтисоди рақамӣ ҷиддан ба татбиқи он талош мекунад, заминаи мусоиди ба вуҷуд овардан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Масъалаи ниҳоят муҳим дар татбиқи панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, солҳои 2025-2030, ин вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба воситаи алоқа ва суръати кофии интернет мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Дар воқеъ, яке аз омилҳои калидии рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз таъмини интернети баландсуръат ва дастрасии қуллаю осон ба он аст. Дар ин хусус, Хадамоти алоқа масъулияти худро амиқан эҳсос мекунад. Маҷмуи таъдбирҳое, ки барои дастрасӣ ба Интернети баландсуръат андешида шуда истодааст, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ низ нигаронида шудааст. Дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023 Хадамоти алоқа барои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ҳамкориро бо тамоми сохторҳои марбута шуруъ кард, ки дар ин замина натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст.
Интернет ҳамчун механизми мобилии иҷтимоӣ хидмат мекунад, ки ба беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва роҳати хизматрасонӣ дар соҳаҳои тиб, маориф, хадамоти давлатӣ ва коммуналӣ ва фарҳанг мусоидат мекунанд. Дастрасии умумӣ ва бо суръати баланд ба алоқаи барқӣ имкон медиҳад, ки шароити бароҳат ва бехатар барои сокинон дар асоси технологияҳои интеллектуалӣ фароҳам оварда шавад ва платформаҳои рақамӣ барои шуғли одамон имкониятҳои навро эҷод намояд.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон