Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар яку ним дақиқа ҳал намуд

Ахбороти технологияҳо Навид

Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар яку ним дақиқа ҳал намуд

Агар ба муштариёни телеком-операторон ёрӣ лозим ояд, метавон ба толори алоқа муроҷиат намуд. Роҳ муқаррарӣ ва баъзан ҳатто зарурист: ҳамин тавр, барои барасмиятдарории SIM-корт муштариро зарур аст, ки шахсан ба толор ҳозир шавад. Бо вуҷуди ин, бисёри масъалаҳои мобилӣ ба таври дурдаст ҳал карда мешаванд. Иштирокчиёни пешсафи бозор чӣ тавр ба мизоҷон хизмат мерасонанд? Инро дар мисоли ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дида мебароем.

Дар Хадамоти мизоҷони оператор зиёда аз 90 мутахассисон кор мекунанд. Онҳо давоми шабонарӯзӣ оид ба тарофаҳо ва опсияҳо машваратҳо медиҳанд, дар танзимкунии гақетҳо кӯмак мерасонанд, ба муштариён маълумоти заруриро пешниҳод менамоянд. Дар ҷавобгардонӣ ба саволҳои намунавӣ чат-боти Доно кӯмак мекунад, коркарди як муроҷиат тавассути чат-бот ба ҳисоби миёна 1 дақиқаю 33 сонияро ташкил медиҳад. Лекин кадом воситаҳои хизматрасониро худи мизоҷон интихоб менамоянд?

Мувофиқи омори Ширкат воситаи аз ҳама самаранок онлайн-хизматрасонӣ, яъне коркарди муроҷиатҳо бо ёрии замимаи мобилии “МегаФон Life”, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба шумор меравад. Худ қазоват кунед: ҳар моҳ МегаФон Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 85 000 зангҳои телефониро аз муштариён қабул мекунад. Наздики 80% чунин муроҷиатҳо дар хати аввал аз ҷониби мушовире, ки зангро қабул кардааст, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд – танҳо дар ҳолатҳои нисбатан мураккаб мутахассисони соҳавӣ ба масъала ҳамроҳ мешаванд. Тариқи “МегаФон Life” бошад, дар як моҳ зиёда аз 90 000 муроҷиат ворид шуда, дар хати аввал аллакай 97% муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Воситаҳои дигари муроҷиат ба оператор низ мавҷуд ҳастанд. Масалан, ҳуҷраи шахсии муштарӣ (тариқи он ҳармоҳа ба ҳисоби миёна 3 500 муроҷиат ворид мешавад), Facebook, Instagram ва Telegram (мутаносибан 3 800, 3 000 ва 2 700 муроҷиат дар як моҳ). Гӯё ки рақамҳо начандон калонанд, лекин аз ҳама муҳим он аст, ки чунин воситаҳои хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд ва аз байни онҳо метавон воситаи аз ҳама қулайро интихоб намуд. Ҳиссаи ҷавобҳо дар хати аввали ин воситаҳо ҳамчунин хеле баланд аст, ки он 95-98%-ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки суръати баррасии муроҷиатҳо низ баландтар аст.

Онлайн-каналҳо ҳангоми дастрас будани интернет кор мекунанд. Пас ҳангоми набудани интернет, масалан, вақте ҳаҷми баста ба поён расида, бастаи нав ҳоло пайваст нашудааст, чӣ бояд кард? Барои чунин ҳолатҳо SMS-канали махсус мавҷуд аст. Тариқи он дар як моҳ 9 500 муроҷиатҳо дар як моҳ ворид мешавад. Дар омади гап, агар дар ягон ноҳия дар фаъолияти хизматрасонии таҳвили маълумот ягон вайронӣ ба амал омада бошад, дар ин бора операторро метавон маҳз тариқи SMS огоҳ намуд – мутахассисони техникӣ фаъолияти шабакаро зудтар барқарор мекунанд.

Маҳз ҳамин тавр хадамоти самараноки мизоҷон фаъолият мекунад: муштарӣ имкон дорад, ки ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо яке аз роҳҳои сершумор муроҷиат намояд. Саволҳои мобилӣ доред? Онҳоро онлайн, зуд ва босифат ҳал кунед! Тариқи воситаҳои зерин:

Телеграм: @megafon_dono_bot

Браузер:  https://lk.megafon.tj/

Facebook: https://www.facebook.com/megafontj

Instagram:  https://instagram.com/megafontj?igshid=gv2stcjrmwom

WhatsApp: 907700500

Facebook Messenger: m.me/mftchatbot