Табрикоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар”

Навид Хабарҳои Хадамот

Табрикоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар”

Рӯзи Модар, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон шудааст, ҳамчун рамзи саодат, ҳамасола таҷлил мегардад. Зеро зан-модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми фарҳангсолори мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст, ҳунарманду кадбону ва тарбияттар тасвир ёфтааст.

Дар ин росто хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қадру қиммат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди инсоният бениҳоят бузург аст. Ин нуктаҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳои аз минбарҳои баланди сатҳи милливу байналмиллалӣ, ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа равшан ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат қайд намуданд, ки: “Дили тавонои Модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад”.

Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз унсурҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи зан-модар аз ҳама баланд аст.

Бо эҳтиром ба шахсияти муқаддаси зан-модар бори дигар, тамоми модарони арҷманд ва бонувони азизи кишварро ба ифтихори Рӯзи модар – ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, иқболи нек ва зиндагии босаодати оилавӣ орзу менамоям.