Tcell барои муошират бо наздикону пайвандон тарофа пешниҳод менамояд
Tcell тарофаи «Муошират»-ро коркарду таҳия кардааст, ки муштариён тавассути он бо оила ва наздикон новобаста аз масофа ҳамеша дар тамос бошанд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунанд. Ин тарофа барои бузургсолон ва кӯдакон беҳтарин буда, ҳама чизро барои муоширати бароҳат таъмин месозад.
Тарофа чӣ чизро дар бар мегирад?
• Зангҳои номаҳдуд дар дохили шабака, то ин ки Шумо тавонед бидуни маҳдудият муошират кунед.
• Нархи дастрас – ҳамагӣ 40 сомонӣ дар як моҳ.
• Бонуси иловагӣ: агар муштариён то охири сол пайваст шаванд, давоми 6 моҳ трафики дукаратаро дарёфт менамоянд.
Хусусияти асосии «Муошират» дар соддагӣ ва истифодаи осони он буда, бо функсияҳои нолозим пайваст нест ва ба талаботи насли калонсол пурра мувофиқ аст.
Бо ин тарофа наздиконатон ҳамеша дар иртибот хоҳанд буд ва Шумо мутмаин хоҳед шуд, ки онҳо алоқаи устувор ва роҳат доранд.