Tcell суботи алоқаро тақвият медиҳад: навсозии манобеъи садамавии барқӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Tcell суботи алоқаро тақвият медиҳад: навсозии манобеъи садамавии барқӣ

Ширкати Tcell, пешоҳанги бозори мухобиротии Тоҷикистон лоиҳаи бузургеро барои иваз кардани батареяҳои кӯҳна дар пойгоҳҳои базавӣ бо гуна (аналог)-ҳои муосири литий-ион роҳандозӣ мекунад. Ин иқдом ба он нигаронида шудааст, ки алоқаи боэътимод ҳатто ҳангоми қатъи ҳолати изтирории барқ низ ​​таъмин карда шавад.

Марҳилаи аввали тарҳ дар аввали соли 2024 оғоз гардида, дар 300 иншоот беш аз 500 батарея иваз карда шуд. Ҳоло татбиқи марҳилаи дуюм оғоз гардидааст, ки боз 500 истгоҳи базавиро фаро хоҳад гирифт. Дар ҳоли ҳозир батареяҳо дар беш аз 100 пойгоҳи базавӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Норак, Панҷакент ва Бохтар, ҳамчунин дар навоҳии Данғара, Фархор, Балчувон, Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Вахш ва Рудакӣ иваз гардиданд. Дар натиҷа, нисфи истгоҳҳои базавии Tcell, яъне беш аз 500 иншоот аллакай бо батареяҳои муосири литий-ион муҷаҳҳаз шудаанд. Ин тағйиротҳо заофтяту иқтидори шабакаро ҳатто дар шароити таъмини ноустувори барқ низ фароҳам меоранд, ки ин махсусан барои минтақаҳои дурдасти бе қувваи барқ монда муҳим аст. Батареяҳои литий-ион тавоноии бештар ва муҳлати дарозтари истифода доранд, ки ба истгоҳҳои базавӣ имкон медиҳанд, ки дар сурати камбуди нерӯи барқ ​​ба таври назаррас фаъолият дошта бошанд.

Дар шароите, ки барои сокинони манотиқи дурдасти Тоҷикистон алоқа аз Tcell аксар вақт ягона роҳи иртибот боқӣ мемонад, ин аҳамияти вижа дорад. Лоиҳа ба дастурҳои Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини алоқаи устувори шаҳрвандони кишвар нигаронида шудааст, комилан мувофиқат мекунад.
Навсозии манобеъи садамавии барқӣ ​​дар ҳолатҳои изтирорӣ аз масъулияти Tcell барои шарики боэътимод будан барои муштариёнаш шаҳодат медиҳад. Ҳатто дар душвортарин шароит ширкат алоқаи баландсифатро таъмин мекунад ва пайваста барои рушди зерсохтори устувор маблағгузорӣ менамояд. Бо Tcell Шумо ҳамеша боварӣ дошта метавонед, ки алоқа новобаста аз вазъият устувор, боэътимод ва дастрас хоҳад буд.