Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе

“ICT Week Tajikistan 2026”

Аз 19 то 22 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор гардида истодааст. Чорабинӣ зери унвони «35 соли Истиқлол ояндаи рақамӣ аз диди наврасону ҷавонон» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар маросими кушодашавӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Шаҳри ҳушманд”,  устодон, мутахассисон ва донишҷӯёни риштаи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ иштирок намуда, суханронӣ карданд.

ICT Week Tajikistan 2026 на танҳо намоиши дастовардҳои технологӣ, балки ба як майдони муколамаи касбӣ табдил ёфтааст. Ин платформа имконият медиҳад, ки ҷавонон ва мутахассисон таҷриба мубодила намоянд, роҳҳои рушди иқтисоди рақамӣ баррасӣ шаванд ва мутахассисони баландихтисос барои таҳкими экосистемаи рақамии Тоҷикистон омода гарданд.