
Ҳайати Тоҷикистон дар форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 масъалаҳои рушди рақамиро баррасӣ намуд
20–21 майи соли 2026 дар шаҳри Самарқанд форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 — чорабинии флагмании Ассотсиатсияи ҷаҳонии операторони алоқаи мобилӣ барои минтақаи Авруосиё баргузор гардид. Дар кори форум ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Толиб Маҳмадраҳим ва Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Абдусатторзода Бахтовар намояндагӣ карданд.
Форум вазирон, роҳбарони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ва технологӣ, танзимгарони соҳа, сармоягузорон ва коршиносони байналмилалиро муттаҳид намуда, ба баррасии масъалаҳои зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, шабакаҳои 5G, амнияти киберӣ ва алоқаи моҳворавӣ бахшида шуд. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳибкорӣ дар меҳвари мубоҳисаҳо қарор доштанд.
Иштирок дар форум барои ҳайати Тоҷикистон имконияти мубодилаи таҷриба бо ширкатҳои пешбари соҳа, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди телекоммуникатсия ва иқтисоди рақамӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони бахши рақамӣ ва телекомуникатсионии Ӯзбекистон, аз ҷумла Муовини вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳсудов Жамол Тиллоевич ва Директори Агентии танзими телекоммуникатсия Курязов Дилшод Исмоилович мулоқот анҷом доданд.
Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, танзими соҳа, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо инчунин ба таҳкими ҳамкории касбӣ байни танзимгарон ва операторони алоқаи ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Иштироки ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ қадами муҳим дар самти татбиқи стратегияи рушди рақамии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи кишвар дар фазои рақамии минтақа арзёбӣ мегардад.