Ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ миёни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ миёни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.

Ин Ёддошти тафоҳумро Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо намуданд.

Ҳуҷҷати мазкур яке аз 23 санади нави ҳамкориҳо миёни ду кишварҳи дӯсту бародар мебошад, ки 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён табодул карда шуданд.

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи васеъ ва мусоиди ҳамкориро дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба вуҷуд оварда, ба  густариш ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамкориҳои самарабахш дар самтҳои гуногуни  татбиқ ва баҳрабардорӣ аз  технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва табодули таҷрибаҳои муваффақ  дар назар гирифта шудааст.