Ҷамъбасти “Ҷоми Вавилон – Наврӯз 2025” дар шаҳри Душанбе!

Навид

Ҷамъбасти “Ҷоми Вавилон – Наврӯз 2025” дар шаҳри Душанбе!

Наврӯз –ин айёми пирӯзиҳои нав ва дастовардҳои дурахшон аст!

Аз 22 –юм то 26 –уми март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашни зебои баҳорӣ мусобиқаи ҷолиби футболи хурд байни варзишгарони навраси 7, 9 ва 11-сола баргузор гардид. Бозиҳои ниҳоӣ 26-уми март дар Майдони марказии пойтахт баргузор шуданд, ки дар он дастаҳои беҳтарин барои Ҷоми фахрии “Вавилон – Наврӯз-2025” рақобат карданд.

Дар мусобиқа дастаҳои зерин ширкат доштанд: Спарта, Легенда 17, Спартак, Шоколатьер, Вавилон-М, Вавилон-Т, Истиқлол, ММВЗО.

Натиҷаи мусобиқа:

U 7

Ҷои1: -Истиқлол

Ҷои 2: -Легенеда17

Ҷои 3: -Спарта

U9

Ҷои 1: -Шокалатий

Ҷои 2: – Вавилон- М

Ҷои 3: -Вавилон-T.

U11

Ҷои 1: -Вавилон-М

Ҷои 2: -Спарта

Ҷои 3: -Шоколотий

Маросими ниҳоии мусобиқа бо супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон ба таври тантанавӣ сурат гирифт. Ситораҳои футболи тоҷик Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев Ҷоми «Вавилон – Наврӯз-2025» ва ҷоизаҳоро ба қаҳрамонони ҷавон тақдим карданд. Дар чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими «Истиқлол» ва собиқадорони футболи кишвар ширкат доштанд.

⚽️ Анъанае, ки наслҳоро муттаҳид мекунад!

Ташкили чунин мусобиқа ба як анъана табдил ёфта, ҳамасола аз ҷониби ширкати «Вавилон-Мобайл» дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуда, ҳадаф аз он пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб намудани кӯдакону наврасон унвон мешавад.

Гурӯҳи ширктаи “Вавилон” инчунин бо мақсади татбиқи кӯшишҳои Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳри муайян кардани фуболбозони ояндадор ва такмили маҳорати онҳо, баланд бардоштани нуфузи мусобиқаҳои ҷавонон дар ҷомеа, оммавӣ гардондани мавзӯи футбол дар васоити ахбори омма, дур кардани кӯдакон аз таъсири манфӣ (кӯчагӣ), таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни насли наврас мусобиқаҳои гуногуни футболро доир намуда, дар тарбияи футболбозони оянда нақши муҳим мегузорад.

“Вавилон-Мобайл” дастгирии рушди футболи кӯдаконаро дар кишвар идома дода, кӯшиш менамояд, ки истеъдодҳои ҷавонро ошкор созад, таваҷҷуҳи оммаро ба варзиш тақвият бахшад ва ба наслҳои нав дар амалӣ шудани орзуҳои онҳо кумак кунад!

Ҳамаи иштирокчиён ва ғолибонро барои иштирок дар чунин як мусобиқаи сатҳи баланд табрик гуфта, барояшон дар оянда муваффақиятҳои нав таманно мекунем.