ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА: ҒОЛИБОНИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ, ШОҲМОТ ВА ШАШКА ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Навид Хабарҳои Хадамот

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА: ҒОЛИБОНИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ, ШОҲМОТ ВА ШАШКА ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони сохторҳои соҳаи алоқа, ки аз 21 апрел оғоз гардидаанд, рақобатҳо дар намудҳои тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва шашка ҷамъбаст гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ ёфта буданд. 

Мусобиқаҳо ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) роҳандозӣ шуда, то 6 май идома ёфтанд. Онҳо бо ҳадафи таҳкими ҳамкорӣ, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор гардиданд.

 МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ

Ҷойи якум: Суҳроб Умаров – сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ

Ҷойи дуюм: Рабиев Абдулло – муҳандиси филиали марказии ҶСК «Тоҷиктелеком»

Ҷойи сеюм: Халилов Даврон – муҳандиси пешбари Шуъбаи радиомониторинг

МУСОБИҚАИ ШАШКА

Ҷойи якум: Маҳмадбеков Азизбек – сардори Маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷойи дуюм: Ибадиллоев Абдуғанӣ – сардори Шуъбаи радиомониторинг

Ҷойи сеюм: Шокиров Рамазон – иқтисодчӣ, филиали марказии ҶСК «Тоҷиктелеком»

Бахши бонувон:

Ҷойи якум: Аҳророва Гулҷаҳон – иқтисодчӣ, Маркази «Почтаи Тоҷикистон» (шаҳри Истаравшан)

Ҷойи дуюм: Бобозода Меҳрона – мутахассиси Бахши бойгонии ҶСК «Тоҷиктелеком»

МУСОБИҚАИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ

Ҷойи якум: Ҳалимзода Наврӯз – сардори Шуъбаи кадрҳои КВД «Почтаи Тоҷикистон»

Ҷойи дуюм: Абдуқаҳҳорзода Бобоҷон – муовини сардори Раёсати танзим дар соҳаи алоқа

Ҷойи сеюм: Тағозода Файзиддин – директори Департаменти ҳуқуқ

Мусобиқаҳо дар фазои рақобати солим, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи баланди маҳорати зеҳнӣ ва варзишии худро нишон доданд.