Ҷавонони соҳибмаърифат нерӯи пешбарандаи рақамикунонии кишвар

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҳамкории Хадамоти алоқа ва ҶСК «Тоҷиктелеком» бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар: гулчини кадрҳо барои ояндаи рақамӣ

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» силсилаи вохӯриҳои сатҳи баланд бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид.

Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир карда шуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва соҳибони ояндаи технологияҳои инноватсионӣ арзёбӣ менамоянд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо самтҳои асосии ҳамкорӣ муайян карда шуданд:
Омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ.
Пешбинӣ мегардад, ки тавассути имзои созишномаҳои ҳамкорӣ донишҷӯёни болаёқат аз давраи таҳсил фаро гирифта шуда, зери роҳнамоии мутахассисони соҳа рушд дода шаванд.
Дастгирии молиявӣ ва таълимӣ.

ҶСК «Тоҷиктелеком» омодагии худро барои маблағгузории омӯзишҳои иловагӣ, ташкили курсҳои соҳавӣ ва мутобиқсозии донишҷӯён ба талаботи бозори муосири телекоммуникатсионӣ иброз намуд.

Таъмини таҷрибаомӯзӣ ва ҷойи кор.
Ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити таҷрибаомӯзӣ ва ҷалби мустақими хатмкунандагони болаёқат ба соҳа, бо таъмини ҷойи кори доимӣ ва муҳити мусоиди касбӣ мебошад.

Намояндагони Хадамоти алоқа зикр намуданд, ки имрӯз соҳаи телекоммуникатсия ба кадрҳои ҷавон, донишманд ва ватандӯст ниёзи ҷиддӣ дорад. Таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот омили муҳими рушди иқтисоди рақамӣ буда, замина фароҳам меорад, то Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил гардад.