Ҳамчунин дар чорабинӣ Сардори Раёсати ҳуқуқи Хадамоти алоқа Фирдавс Абдуллозода Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар дуюм (солҳои 2026-2030)-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба ҳозирин шаҳр дода, ба масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти интизоми хизматӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон таъкид намуд.
Зимни вохӯрӣ мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар соҳаи алоқа таҳлил гардида, натиҷаҳо ва мушкилоти мавҷуда баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки татбиқи пайгиронаи чорабиниҳои пешбинишуда ба таҳкими низоми идоракунии шаффоф, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.