Баргузории хониши сиёсӣ дар Хадамоти алоқа

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Баргузории хониши сиёсӣ дар Хадамоти алоқа

 

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ бо иштироки Назира Амирбекзода, Директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент баргузор гардид.

Дар чорабинӣ атрофи корнамоиҳо ва фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбатҳои гарму самимӣ сурат гирифта, зимни он масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди устувори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Назира Амирбекзода дар суханронии худ ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид намуда, аҳамияти омӯзиши ин таҷрибаро барои хизматчиёни давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.

Қайд гардид, ки чунин хонишҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, густариши ҷаҳонбинӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ миёни кормандон мусоидат менамоянд.

Дар анҷом байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои ҳозирин посухҳои муфассал пешниҳод гардиданд.