Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии «Вавилон-Мобайл» дар Хуҷанд!

Навид Хабарҳои Хадамот

Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии «Вавилон-Мобайл» дар Хуҷанд!

ҶСП «Вавилон-Мобайл» бо хушнудӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд маркази нави хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид! Ин марказ бо мақсади таъмини шароити бароҳат барои муштариён ва пешниҳоди хизматрасонии босифат таъсис дода шудааст.

Дар маркази монобрендӣ муштариён метавонанд:

  • ба тарофаҳои нав пайваст шаванд,
  • машваратҳои муфид оид ба хизматрасониҳо ва маҳсулот гиранд,
  • дастгоҳҳои худро танзим намоянд,
  • ҳамаи саволҳои марбут ба хизматрасониро ҳал кунанд,
  • бо навгониҳои охирини ширкат шинос шаванд.

Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, мутахассисони мо ҳамеша омодаанд ба Муштариён кӯмаки фаврӣ ва касбӣ расонанд.

Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонӣ — ин як қадами муҳим барои наздик шудан ба муштариён дар тамоми минтақаҳо мебошад. Мо ба Муштариён барои эътимодашон сипосгузорем ва ҳамеша кӯшиш мекунем, ки барои онҳо шароитҳои боз ҳам беҳтар фароҳам орем.

Муштариёнро дар маркази нави худ дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Тошкент, истгохи ДДХ интизорем!