Ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар Душанбе анҷом ёфт
Имрӯз, 11 апрел ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки 7 апрел дар шаҳри Душанбе оғоз шуда буд, ба кори худ хотима дод.
Дар охирин рӯзи ҷаласа, мутахассисону масъулини соҳаи алоқа, ки аз 19 кишвари олам ҷамъ омада буданд, гуфтугӯҳои панҷрӯзаро натиҷагирӣ карданд.
Дар рӯзи ҷамъбастӣ ҳозирин қарорҳо ва ҳисоботи асосӣ аз гурӯҳҳои кориро омӯхта, дар натиҷаҳои онро барои ҳама ҷонибҳои судманд арзёбӣ карданд.
Аз натиҷаҳои ҷаласа 6 ҳуҷҷати муҳим тасдиқ ва имзо карда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо масоили гуногуни марбут ба соҳаи алоқаро фаро мегиранд.
Ҳамзамон чандин масъалаи муҳим баррасӣ гардид, аз ҷумла гузориш дар бораи истифодаи системаҳои алоқа дар нақлиёти роҳи оҳан ва тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии шартҳои техникӣ барои системаҳои 5G дар басомади 6425-7125 МГс шунида шуд.
Ҳисобот дар бораи технологияҳои ояндадор дар соҳаи пахши телевизионӣ, монанди афзоиши суръати интиқол то 12 маротиба, UHD, 5G Broadcast, ироа гардида, мувофиқа шуд, ки истифодаи 470—694 МГс барои васеъ намудани имкониятҳои пахши телевизион омӯхта шавад.
Омодагӣ ба Конфронси умумиҷаҳон доир ба алоқаи радиоӣ дар соли 2027 (WRC-27) аз қабили масъалаҳое, ки лоиҳаи мавқеи умумӣ таҳия ва маводи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои асосии рӯзнома омода карда шуданд.
Омодагӣ ба вохӯриҳои дарпешистодаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа низ баррасӣ шуд.
Ҳозирин рушди ҳамкориҳои байналмилалиро барои истифодаи васеъ аз хизматрасониҳои моҳвораии Интернет муҳим дониста, густариши стандарти насли нав (5G)-ро барои тамоми кишварҳоро зарур шумориданд.