Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа

Имрӯз, ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми 2025 ва вазифаҳо барои давраи боқимондаи соли 2025, баргузор гардид.
Дар Ҷаласа раиси Ҳайати мушовара – Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло, аъзоёни Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳои Хадамот, кормандони соҳа ва масъулини соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.
Зимни баргузории нишасти мазкур натиҷаи фаъолияти кории Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва нақшаҳои минбаъда дар нимсолаи ояндаи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.
Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқа зимни маърӯзаи ҳисоботии хеш иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 330 адад стансияҳои базавӣ насб карда шудааст.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо операторони хориҷӣ арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд ва ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва собит аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Дар натиҷа, ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад. Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 1 миллиарду 110 миллиону 586 ҳазору 505 сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1 миллиарду 094 миллиону 677 ҳазору 007 сомонӣ) 1,45 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби даромадҳо ба буҷети давлат андоз ба маблағи 155 миллиону 482 ҳазору 110 сомонӣ ворид карда шудааст.
Дар Хадамоти алоқа маркази тамос бо рақами кӯтоҳи “4030” барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият намуда, то санаи 3 апрели соли 2025 ба маркази тамоси номбурда 2 758 адад арзу шикоят ворид гардида, аз ин шумора 1 882 адад иҷро ва боқимонда 876 адад арзу шикоят мавриди баррасӣ қарор доранд.
Бо ибтикори Хадамоти алоқа хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли 5G густариш дода шуданд.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 5,3 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион адад (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар маҷмуъ нисбати 18 нафар шахсони воқеӣ, қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ кабул карда шудааст.
Дар хотима, Исфандиёри Саъдулло зикр намуд, ки баҳри тақвият бахшидани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, Хадамоти алоқа чанд вазифаи муҳимро дар давраи соли 2025 ба нақша гирифтааст
Дар қисмати дигари ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми 2025 ва вазифаҳо барои давраи боқимондаи соли 2025, Ғайратов Далер – директори генералии ҶСК “Тоҷиктелеком”, Сафолов Ҳабибулло – директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” ва Мирзозода Саидалӣ – директори КВД “Почтаи тоҷик” баромад карда, натиҷаи фаъолият корхонаҳои мазкури зертобеи Хадамоти алоқаро таҳлил намуданд.
Масъулини соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба гунаи онлайнӣ аз натиҷаи фаъолияти худ ҳисобот ироа карданд.



