“МегаФон Life”: осонтар, зудтар ва қулайтар

Навид

МегаФон Life: осонтар, зудтар ва қулайтар

Замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки миллионҳо сокинони Тоҷикистон аз он истифода мебаранд, ба навшавиҳои муҳим ноил шуд. Ба туфайли функсияҳо ва такмилёбиҳои нав SuperApp зудтар, қулайтар ва фаҳмотар гардид – акнун бештари амалҳои маъмулӣ воқеан бо як пахш иҷро карда мешаванд. Аз пардохти маблағи таваққуфгоҳи CityParking то интиқоли фаврии маблағ тавассути СПФ ва назорати бурдарасонӣ бевосита дар экрани маҳкамкунӣ – ҳамааш баҳри роҳати бештари истифодабарандагон пешбинӣ шудааст.

Такон деҳ – ва маблағро интиқол бидеҳ!

Яке аз навгониҳои ҷолиб – функсияи интиқоли маблағҳо бо ёрии имову ишора мебошад. Акнун ҷустуҷӯи қисмати зарурӣ ва гузаштан ба феҳрист (меню) лозим намеояд, танҳо кушодани замима ва такон додани смартфон кофӣ аст. Шакли интиқоли маблағ дарҳол кушода мешавад. Як ишора вақтро сарфа карда, истифодабарии замимаро воқеан ҳам интуитивӣ мегардонад. Худ санҷида бубинед: суроға инҷост.

Ҷустуҷӯи фаврии оқилона

Қисмати навшудаи “Ҷустуҷӯ” барои зуд пайдо кардани баста, хизматрасонӣ ё функсия кӯмак мерасонад. Ҳамааш осон аст: номро ворид кунед ва хизматрасонӣ дарҳол натиҷаҳои дақиқро пешниҳод менамояд. Ин махсусан муфид аст, агар шумо саросема бошед ва намехоҳед вақтро барои навигатсияи нав аз рӯи феҳрист (меню) сарф намоед. Акнун амалҳои лозимиро зуд пайдо кардан мумкин аст – қулай, вақте ки дақиқаҳое ба шумор мондаанд. Инро дар амал тавассути ин суроға бисанҷед.

Тамоми навшавиҳо – аёнанд

Барои аз имкониятҳои нав пайваста бохабар будан, дар замима равзанаҳои пайдошаванда дар экранҳои асосӣ – дар ҳуҷраи шахсӣ ва қисмати “Ҳамён” намоён гардиданд. Функсияҳои нав, пешниҳодҳои махсус ва иқдомҳо акнун дарҳол ҳангоми воридшавӣ ба замима инъикос мегарданд. Тамоми маълумоти муҳим – дар пеши назаратон, аз ягон чиз бехабар намонед.

Кӯмаки оқилона – барои роҳати шумо

Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасониҳо ё интиқоли маблағҳо замима акнун ба таври автоматӣ рақамҳои телефонӣ, суратҳисобҳо ва қолабҳои амалиётҳои қаблан истифодашударо пешниҳод менамояд. Ин суръати равандро ба таври назаррас тезонида, зарурати такроран ворид кардани маълумотро аз байн мебарад. Махсусан замоне қулай аст, агар шумо мунтазам ба ҳамон як қабулкунанда – масалан, волидайн маблағ интиқол диҳед.

Пардохти маблағи таваққуфгоҳи CityParking

Дар замимаи “МегаФон Life” пардохти маблағи таваққуфгоҳ дастрас гардид. Акнун ҳаққи таваққуфгоҳро бевосита дар замима – зуд, қулай ва бидуни амалҳои зиёдатӣ пардохт кардан мумкин аст. Барои санҷидан ба ин суроға гузаред.

Интиқоли маблағ ба Россия тавассути СПФ

Интиқоли маблағ бо рақами телефонӣ ба Россия – тавассути Системаи пардохтҳои фаврӣ (СПФ) осонтар гардид. Танҳо ворид кардани рақами қабулкунанда кофӣ буда, маблағ дарҳол ворид мегардад. Имконияти қулай барои дастгирии наздикону пайвандон ва эҳтиёҷоти корӣ.

Пайвасткунии интернети хонагӣ – боз ҳам осон

Акнун дархостро барои пайваст намудани “Интернет барои хона” бевосита аз замимаи “МегаФон Life” ирсол кардан мумкин аст. Функсияи нав дар қисмати “Боз ҳам” дастрас мебошад. Интерфейси қулай имкон медиҳад, ки дархост ҳамагӣ дар якчанд сония – бидуни зангҳо ва рафтан ба идораҳо ташкил карда шавад. Ба суроға гузаред ва худи ҳозир дархостро пур кунед.

Live Activity: ҳолати бурдарасонӣ – бевосита дар экрани маҳкамкунӣ

Назорати ҳолати фармоиш дар қисматҳои “Маҳсулот” ва “Дорухона” боз ҳам осон гардид. Маълумот дар бораи бурдарасонӣ бевосита дар экрани маҳкамкунӣ инъикос мегардад. Шумо аз макони қарор доштани фармоиш ва замони расида омадани он ҳамеша бохабар ҳастед.

Экрани интиқоли маблағ ва пардохтҳо боз ҳам қулай

Қисматҳои интиқоли маблағ дар ҳамёнҳо ва пардохти маблағи хизматрасониҳои операторҳои мобилӣ интерфейси навро пайдо намуданд. Таҳиягарон ҳама чизҳои зиёдатиро хориҷ карданд, то ки пардохт зуд ва осон анҷом ёбад. Навигатсияи такмилёфта, пуркунии автоматӣ ва кӯмакҳо вақти шуморо сарфа менамоянд. Интерфейси навсозишуда дар ин суроға.

Замимаро тавассути суроғаи зерин боргирӣ ва нав кардан мумкин аст.