Иштироки намояндаи Хадамоти алоқа дар Семинари ITU – ITTLLDC – 2025

Навид Хабарҳои Хадамот

Иштироки намояндаи Хадамоти алоқа дар Семинари ITU – ITTLLDC – 2025

Дар семинари муштараки  Иттиҳоди байналмилалии алоқаи телекоммуникатсионӣ (ITU) ва Маркази таҳлилии байналмилалӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ва дар ҳоли рушд (ITTLLDC), ки аз 29 то 31-уми август дар шаҳри Улан Батори кишвари Муғулистон баргузор гардид, Султонов Комил – сардори Раёсати танзими Хадамоти алоқа ширкат намуд.

Дар ин семинар доир ба  таҳияи барномаи миллии моҳвораӣ: масоил ва таҷрибаҳои намунавӣ, истифодаи шабакаҳои рақамӣ барои паҳн намудани системаи огоҳкунандаи фаврӣ, инноватсия ва табдили рақамӣ ва коҳиш ва пешгирии халалҳои радиобасомадии фаромарзӣ маърӯзаҳо ироа шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Султонов Комил – сардори Раёсати танзими Хадамоти алоқа  дар баромади хеш таҳаввулоти чашмгир дар самти алоқа ва технологияи рақамиро, ки тӯли чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба амал омадааст, шарҳ дод. Ҳамчунин Султонов Комил ба  нақши шабакаҳои рақамӣ дар системаҳои огоҳонии фаврӣ, ташаббусҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон ишора намуд.