
Иштирок ва суханронии муовини Сардори Хадамоти алоқа дар ҳамоиши
«Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио»
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Сардори Хадамоти алоқа Шоҳназар Холназарзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа табрик гуфт ва ба ҳамбастагии соҳаи алоқа ва телевизион ва радио ишора намуд.
Ҳамчунин дар суханронӣ ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ишора гардида, таъкид шуд, ки амалӣ гардидани ин ҳуҷҷати муҳим ба таҳкими инфрасохтори рақамӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои гуногун заминаи устувор мегузорад.
Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳо тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани устувории шабакаҳо ва таъмини дастрасии васеи интернет аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок буда, ин раванд ба рушди минбаъдаи телевизион ва радио низ мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносон, олимон ва рӯзноманигорон иштирок намуда, доир ба нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди фазои иттилоотӣ, пешрафти расонаҳои электронӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамоиш дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкориҳо миёни соҳаи алоқа ва воситаҳои ахбори омма заминаи мусоид фароҳам овард.