
Натиҷагирӣ аз нахустин Ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025»
Имрӯз, дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe дар фазои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа маросими ҷамъбастӣ ва қадрдонии ғолибони нахустин Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа — “Telecom Awards Tajikistan 2025”, баргузор гардид.
Ҷоизаи мазкур бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадафи он муайян намудани пешсафони воқеии соҳаи телекоммуникатсия, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими рақобати солим дар бозори алоқаи кишвар мебошад.
Дар оғоз ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло кормандони соҳаро ба ифтихори Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа табрик намуд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло таъкид кард, ки ташкили чунин ҷоиза барои рушди устувори бахши телекоммуникатсия заминаи мусоид фароҳам меорад. “«Telecom Awards Tajikistan 2025» на танҳо як маросими қадрдонӣ, балки платформаи муҳимми арзёбии шаффоф, ҳавасмандсозии ширкатҳо ва ҷорӣ намудани меъёрҳои нави хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа мебошад. Имрӯз рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир аз сатҳу сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ вобастагии мустақим дорад ва маҳз рақобати солим метавонад ба беҳтар шудани хизматрасонӣ ва ҷорӣ гардидани навовариҳо мусоидат намояд”, – гуфт Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи тадбири мавриди назар операторони мобилӣ, таъминкунандагони интернет, коршиносони соҳа ва миллионҳо истифодабарандаи хизматрасониҳои алоқа барои як ҳадафи муштарак, ки иборат аз рушди инфрасохтори рақамии Тоҷикистон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мебошад, муттаҳид гардиданд.
Ғолибон аз рӯйи 16 номинатсия муайян карда шуданд. “Беҳтарин қарори инноватсионии соҳа дар соли 2025”, “Пешрафти сол”, “Интихоб ва эътирофи муштариён (байни ширкатҳои алоқаи мобилӣ)”, “Интихоб ва эътирофи муштариён (байни провайдерони интернети собит)”, “Беҳтарин хизматрасонӣ ба муштариён”, “Беҳтарин саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи алоқа”, “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа”, “Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ”, “Беҳтарин оператори зудрушдёбанда”, “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат”, “Беҳтарин қарори коропоритивии сол”, “Беҳтарини хизматрасонии рақамии сол”, “Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ (вобаста ба суръати интернет)”, “Сареътарин шабакаи собит (вобаста ба суръати интернет)”, “Беҳтарин оператори алоқаи мобилии соли 2025” ва “Беҳтарин провайдери интернетии соли 2025” аз ҷумлаи номинатсияҳои асосии озмун ба шумор мерафтанд.
Ғолибон бар асоси арзёбии ҳамаҷониба муайян гардиданд. Дар ҷараёни баҳогузорӣ сатҳи қаноатмандӣ ва вафодории муштариён тавассути пурсишҳои телефонӣ (CATI), сифати хизматрасонӣ бо усули “муштарии махфӣ” (Mystery Shopping), таҳлили суръат ва фарогирии интернет бо истифода аз маълумоти OOKLA Speedtest Intelligence, инчунин таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ аз ҷониби DMTEL мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ETSI ба эътибор гирифта шуд.
Ҳамзамон, ҳайати ҳакамон фаъолияти субъектҳои бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистонро аз рӯйи лоиҳаҳо ва дархостҳои пешниҳодшуда барои соли 2025 мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки “Telecom Awards Tajikistan 2025” дар оянда метавонад ба яке аз платформаҳои калидии муайян намудани сатҳи рушди соҳаи алоқа, муаррифии дастовардҳои технологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди рақамии кишвар табдил ёбад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва ширкатҳои пешсафи соҳа диплом, ҷоиза ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.