Сардори Хадамоти алоқа кормандони МегаФон Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа қардонӣ намуд

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Сардори Хадамоти алоқа кормандони МегаФон Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа қардонӣ намуд

Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло аз фаъолияти ширкати  МегаФон Тоҷикистон боздид намуда, як қатор кормандони фаъоли ширкатро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи телекоммуникатсия бо ҷоизаҳои соҳавӣ қадрдонӣ кард.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои муосири алоқа аз дониш, таҷриба ва фаъолияти содиқонаи мутахассисони соҳа вобастагии мустақим дорад.

Дар доираи чорабинӣ як гурӯҳ кормандони ширкат соҳиби унвони фахрии “Устоди алоқа” гардиданд, ки яке аз мукофотҳои баландтарини соҳавӣ ба ҳисоб меравад ва барои фаъолияти касбии чандинсола ва саҳмгузорӣ дар рушди телекоммуникатсияи кишвар тақдим карда мешавад.

Аз ҷумла, ин унвон ба Саданшоев Раим — директори раёсати минтақавӣ дар ВМКБ, Наимов Далер — директори раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ, Носирҷонов Баҳром — роҳбари самти корбурд, инкишоф ва хадамоти мизоҷони ТМСБ, Хатамов Рустам — роҳбари шуъбаи техникии раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон ва Раҳимов Абдураҳмон — муҳандиси пешбар оид ба корбурди шабакаи пойгоҳӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, Карачабеков Абибулло — муҳандиси калон оид ба корбурди системаҳои ПБ ва ШТ бо Ифтихорномаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот аз дастовардҳои ширкати МегаФон Тоҷикистон   дар доираи Ҷоизаи миллии Telecom Awards Tajikistan 2025 низ ёдовар шуданд. Аз ҷумла, лоиҳа дар заминаи M2M-SIM-кортҳо барои ҶДММ “Технология групп” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин қарори корпоративии сол” гардид. Ин лоиҳа ба рақамикунонии фаъолияти тиҷоратӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, замимаи рақамии “МегаФон Life” бо ҷоизаи “Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол” қадрдонӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин барнома имрӯз яке аз хизматрасониҳои муосир ва серистифодатарин дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.