Рӯзи Ғалаба муборак!

Навид Хабарҳои Хадамот

Рӯзи Ғалаба – 9 Май – санаи муқаддасест, ки наслҳоро ба ҳам меорад ва аз шуҷоат, матонат ва фидокории бемисли мардумоне ёдовар мешавад, ки озодӣ ва истиқлоли Ватани умумии моро ҳифз намуданд.

Дар ин рӯз мо бо эҳтиром ва сипоси амиқ сари таъзим назди қаҳрамонии миллионҳо сарбозон, афсарон ва ҳамаи онҳое фуруд меорем, ки бо талошҳои азим ва қурбониҳои бузург Ғалабаро наздик намуданд.

Дар солҳои ҷанг алоқа аҳамияти муҳими стратегӣ дошт ва бисёр вақт омили ҳалкунандаи иҷрои муваффақонаи амалиётҳои ҷангӣ ба ҳисоб мерафт. Маҳз ба шарофати ҷасорат ва маҳорати баланди кормандони соҳаи алоқа идоракунии мунтазами қӯшунҳо, интиқоли фармонҳои муҳим ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар фронт таъмин мегардид. Онҳо зери тирборони душман ва дар шароити ниҳоят душвор вазифаи худро содиқона иҷро намуда, намунаи қаҳрамонӣ ва садоқат ба Ватанро нишон доданд.

Имрӯз шумо, идомадиҳандагони анъанаҳои пуршарафи насли ғолибон, ин масъулияти баландро бо сарбаландӣ ба дӯш дошта, эътимоднокӣ, устуворӣ ва амнияти коммуникатсияҳои муосирро таъмин менамоед, ки дар рушди давлат ва ҷомеа нақши муҳим доранд.

Дар Рӯзи Ғалаба ба шумо ва наздиконатон тансиҳатии бардавом, саодатмандӣ, сулҳу субот ва эътимод ба фардои нек орзу менамоем.

Бигзор хотираи қаҳрамонии бузурги гузаштагон моро ба корҳои созанда илҳом бахшида, ҳисси ягонагӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз касб ва мероси муштараки таърихиямонро боз ҳам тақвият диҳад.