Дар Чин IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар Чин IT Форум таҳти унвони
«Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид

Санаи 11 майи соли 2026 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect»баргузор гардид.

Форуми мазкур ба як платформаи муҳими ҳамкории иқтисодию технологӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табдил ёфта, дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 ширкати бонуфузитехнологии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology ва Lenovo, иштирок намуда, имкониятҳои технологӣ, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои мустақими тиҷоративу технологӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридотитехнологияҳои муосир, табодули донишу таҷриба, инчунин муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия арзёбӣ гардид.

Зимни нишастҳои панелӣ ва мулоқотҳои дуҷониба ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, тавсеаи инфрасохтори технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳукумати электронӣ, рушди стартапҳо, таҳкими иқтидори кадрӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳошияи Форум байни ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими робитаҳои иқтисодию технологӣ байни ду кишвар заминаи устувор фароҳам месозад.

Баргузории IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect»ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими шарикии стратегии технологӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию рақамии ду кишвар арзёбӣ мегардад.