Тоҷикистон ва Чин барои ҷалби беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ санадҳо ба имзо расониданд
11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ имкониятҳои васеи иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу технологӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми сармояи чинӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба қариб 6 миллиард доллар расида, зиёда аз 3,5 миллиард доллари онро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки айни замон дар кишвар беш аз 300 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар татбиқ гардида, зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият доранд.
Энергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, логистика, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои «сабз» аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар номида шуданд.
Дар натиҷаи мулоқот зиёда аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои ҷалби беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ замина фароҳам месозанд.
Аз ҷумла, дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Tajik–China Digital Business Connect» созишномаҳо ба маблағи 647 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд, ки қисми сармоягузориҳои ҷалбшударо ташкил медиҳанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Чин таъкид намуданд.