БАРРАСИИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Дар шаҳри Пекин вохӯрии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони ҶСК “Тоҷиктелеком” ва намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ширкати Huawei баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, амнияти киберӣ, тавсеаи инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти рушди шабакаҳои рақамӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳокима гардиданд.