Семинар оид ба алоқа дар ҳолатҳои фавқулода ва технологияҳои пахши мобилӣ дар Тоҷикистон

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Баргузории семинар оид ба алоқа дар ҳолатҳои фавқулода ва технологияҳои пахши мобилӣ дар Тоҷикистон

Имруз бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ҷаҳонии низоми алоқаи мобилӣ GSMA дар IT Park Душанбе семинар оид ба алоқа дар ҳолатҳои фавқулода ва технологияҳои пахши мобилӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ таҳкими омодагии миллӣ ба офатҳои табиӣ тавассути таъмини алоқаи боэътимоди мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба системаҳои огоҳкунии саривақтӣ ва рушди ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, операторони алоқа ва ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар кори семинар зиёда аз 50 нафар намояндагон аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва операторони алоқаи мобилӣ иштирок намуданд. 

Дар доираи семинар мазкур, ки ду руз давом мекунад, масъалаҳои марбут ба алоқа дар ҳолатҳои буҳронӣ, устувории инфрасохтор ва татбиқи технологияҳои огоҳкунии фаврӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Қайд бояд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, мубодилаи таҷрибаи касбӣ ва рушди устувори соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, ба татбиқи самараноки ҳадафҳои “Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” равона гардидааст.