ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Навид Хабарҳои Хадамот

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Имрӯз кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии варзишӣ бо иштироки васеи ҷавонон, варзишгарон ва сокинони пойтахт баргузор гардида, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни қишрҳои ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Кормандони Хадамоти алоқа низ ҳамқадами дигар иштирокчиён масофаи муайяншударо тай намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати солимгардонӣ ва рушди варзиш дар кишвар нишон доданд. Иштироки фаъоли онҳо дар чунин чорабиниҳо нишонаи таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон мебошад.