Дар Самарқанд чорабиниҳои GSMA M360 Eurasia баргузор мешаванд
19–21 майи соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабиниҳои GSMA M360 Eurasia бо дастгирии РСС (Ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи алоқа) баргузор мегарданд.
19 май дар арафаи конференсия ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи муштараки коршиносони РСС ва Кумитаи омори ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) оид ба омори соҳаи ТИК баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони хадамоти миллии омор, маъмуриятҳои алоқаи кишварҳои РСС/ИДМ, намояндагони GSMA ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар доираи чорабиниҳо масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, амнияти киберӣ, алоқаи моҳвораӣ, инчунин омори соҳаи алоқаи барқӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои мубодилаи маълумоти оморӣ, таҳияи нишондиҳандаҳои рақамӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва ТИК-ро муҳокима намуданд.
Чорабиниҳо аз ҷониби РСС дар ҳамкорӣ бо GSMA, Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи омори ИДМ баргузор мешаванд.