
Эълони озмун барои таҳияи платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни таҳияи платформаи махсуси рақамиро эълон менамояд.
Ҳадафи озмун таҳкими робитаи илм, инноватсия ва бахши воқеии иқтисодиёт, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки платформаи махсуси рақамӣ ҳамчун фазои ягонаи рақамӣ барои муаррифӣ, ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, технологияҳои нав, ихтироот ва дастовардҳои инноватсионӣ хизмат намуда, ҳамкории муассир байни муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, соҳибкорон, сармоягузорон ва бахши истеҳсолиро таъмин хоҳад намуд.
Озмун дар се марҳила — қабули ҳуҷҷатҳо то 10 июли соли 2026, баррасии ҳуҷҷатҳо, интихоби лоиҳаҳо то 20 июли соли 2026 ва муаррифву ҳимояи лоиҳаҳо то 31 июли соли 2026 гузаронида мешавад.
Ғолиби озмун бо мукофоти асосӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, инчунин бо Дипломи директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз ширкатҳои технологӣ, гурӯҳҳои таҳиягарон, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар шахсони манфиатдор даъват менамояд, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташаккули инфрасохтори миллии инноватсионӣ ва рушди иқтисоди рақамии ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.
Ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаҳо метавонанд ба таври электронӣ тавассути суроғаи почтаи электронӣ i-development@innovation.tj пешниҳод карда шаванд. Маълумоти иловагӣ тавассути рақами телефони 223-30-38 ва сомонаи расмии агентӣ www.innovation.tj дастрас мебошад.