АЗ ФИРЕБИ ҚАЛЛОБОН ЭҲТИЁТ БОШЕД!
Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ арзу шикоят ва баҳсу мунозираи шаҳрвандон оид ба тавассути зангҳои телефонии қаллобон, ки худро намояндаи ширкатҳои мобилӣ муаррифӣ намуда, пешниҳоди пайвасти хизматрасониҳои навро мекунанд, афзуда истодааст.
Вобаста ба ин, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳолатҳои мазкур, ки тавассути зангҳои телефонии қаллобон ва пешниҳоди кушодани рамзу пайвандҳои ирсолгардида тавассути SMS–паёмакҳо сурат мегиранд, эҳтиёткор буда, аз ҷавоб додан ба зангҳо ва паёмҳои рамзталаби рақамҳои ношинос, худдорӣ кунанд.
Зимнан хотиррасон менамоем, ки тамоми пешниҳодҳо вобаста ба хизматрасониҳои соҳа, аз номи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё ширкатҳо, танҳо тавассути муросилоти расмӣ, рақамҳои муқаррарнамудаи операторҳои мобилӣ ва SMS- паёмакҳои тасдиқшуда, анҷом дода мешаванд.