МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

Одамрабоӣ як ҷинояти бераҳмона ва хатарнок аст, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Барои решакан кардани ин амал ҳамкории ҷомеа, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум зарур аст. Танҳо бо истифодаи чораҳои ҳамешагӣ ва омодагии ҷомеа метавон аз паҳншавии ин кирдор пешгирӣ кард.
Тибқи қонунгузорӣ, одамрабоӣ ё хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста ба розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад.
Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад. Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмуӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳкор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо савдои одамон амалӣ менамояд:
– таҳия, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуиро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;
– санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, қабул мекунад;
– иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;
– Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд;
– нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд ва татбиқи онро таъмин мекунад;
– барномаҳои мақсадноки давлатиро, ки барои муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдиқ мекунад;
– оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон тадбирҳо меандешад;
– барои таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чораҳо меандешад.
Б. СОЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ