CУХАНРОНИИ ФУРҚАТ БОЗОРОВ – САРДОРИ РАЁСАТИ РУШДИ АЛОҚА ВА ИТТИЛООТОНИИ ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИҚТИСОДИ САБЗ, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИНОВАТСИЯ — АЗ ҲАДАФҲОИ АФЗАЛИЯТНОК БАРОИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва иноватсия — аз ҳадафҳои афзалиятнок барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, Фурқат Бозоров — Сардори Раёсати рушди алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯзаи муҳтавоан ғанӣ ва дорои паҳлӯҳои муҳими амалии рушди инфрасохтори рақамӣ баромад намуд.
Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки дар замони муосир рушди иқтисоди сабз ва баланд бардоштани сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ мебошанд. Мавсуф аз корҳои анҷомдодаи Хадамоти алоқа дар солҳои охир, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дастрасӣ ба интернет, густариши шабакаҳои насли нав ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ ёдовар шуд.
Фурқат Бозоров зикр намуд, ки рақамикунонӣ на танҳо самаранокии фаъолияти иқтисодиро афзоиш медиҳад, балки ба коҳиши хароҷот, шаффофияти хизматрасониҳо ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Вай афзуд, ки истифодаи технологияи нав, аз ҷумла ҳалли «оқилона»-и идоракунии шабакаҳо, эко-платформаҳо ва рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти калон доранд.
Дар анҷом, Фурқат Бозоров омодагии Хадамоти алоқаро барои густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ, сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати пешбурди иноватсияҳо ва баланд бардоштани сатҳи рақамисозӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа изҳор кард.
