Хушхабар! Сокинони деҳаи Садаи ноҳияи Рӯдакӣ бо интернети баландсифат таъмин шуданд
Мо бо ифтихор, аз насби як истгоҳи нави замонавии базавӣ хабар медиҳем, ки сифати шабакаи 4G-и моро дар маҳаллаи шумо ба сатҳи нав мебардорад. Дигар интизории тӯлонӣ ва қатъи алоқа нест – танҳо интернети устувор ва хеле босуръат аз ZET MOBILE!
Барои мо муҳим аст, ки ҳар яки шумо тавонед аз ҳама афзалиятҳои интернети муосири мобилӣ озодона истифода баред: хоҳ дар зангҳои видеоӣ бо наздикон, хоҳ дар корҳои онлайн ва ё тамошои наворҳои дӯстдоштаатон. Мо кӯшиш мекунем, ки шабакаи худро барои ҳама то ҳадди имкон дастрас ва самаранок гардонем.
ZET-MOBILE васеъгардонӣ ва навсозии минбаъдаи шабакаи худро ба нақша гирифта аст. Ҳадафи мо – таъмин намудани шумо бо пайвасти муосиртарин ва боэътимод, дар ҳар куҷое, ки набошед.