ТАШАББУСИ НАВБАТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУҲТАВОИ МУШАХХАСИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ ОИД БА НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Боиси ифтихори ҳар фарди кишвари азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ он чун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ шинохта шуда, як қатор ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дигар давлатҳои ҷомеи муосир ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфта, онҳо дар шакли яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул карда мешаванд. Ин аст, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ (минбаъд – қатънома) қабул кард.Ин дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша диққати ҷомеаи байналмилалиро оид ба масъалаҳои глобалии ҷомеаи муосир равона намуда, ҷиҳати баррасӣ намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдорро иброз менамоянд. Аз ин лиҳоз, таҳияи лоиҳаи қатънома низ иқдоми хеле мубрам ва саривақтӣ буда, ҷиҳати рушди устувори Осиёи Марказӣ дар самти истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ равона карда шудааст.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир зеҳни сунъӣ яке аз технологияҳои рушдкунанда эътироф карда шуда, на танҳо ҷиҳати осон намудани як қатор равандҳо, инчунин ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт равона карда шуда, имрӯз аллакай давлатҳо бо истифода аз он ба дастовардҳои гуногун ноил гаштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи зеҳни сунъиро яке аз ҳадафҳои асосии рушди ояндаи худ ҳисобида, тибқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, таҳти № 483 тасдиқ карда шудааст, рушди зеҳни сунъӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар равона карда шудааст.
Дар қатънома як қатор масъалаҳои рушди минбаъдаи зеҳни сунъӣ ва самтҳои асосии истифодаи минбаъдаи он дар Осиёи Марказӣ дарҷ гардида, ҳадафи асосии қатънома ин истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ дар раванди ҳамкориҳои минбаъдаи универсалӣ ва минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баромад намуда, ҷиҳати афзудани иқтидори зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои ғайриҳарбӣ равона карда шудааст. Аз ин ҷиҳат, қатънома онро тақозо менамояд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ танҳо баҳри рушди минбаъдаи инсоният бояд равона карда шавад. Қобили тазаккур мебошад, ки дар қатънома истифодаи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо, молия, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо бо мақсади таъмини ояндаи рақамии фарогир, кушод, устувор, адолатнок, бехатар ва боэътимод барои ҳама дарҷ карда шудааст.
Яке аз масъалаҳои марказие, ки дар қатънома баррасӣ карда шудааст, ин масъалаи коркард ва дастгирӣ намудани иқдомҳо ва чаҳорчӯбаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию идоракунӣ ҷиҳати таъмини низомҳои бехатар, ҳифзшуда ва боэътимоди зеҳни сунъӣ баромад намуда, истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ дар самти дастгирии инноватсия, соҳибкорӣ ва паҳн намудани дониш ва технологияҳоро пешбинӣ менамояд.
Дар қатънома як қатор тавсияҳо ба давлатҳои аъзои СММ оид ба истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ мушаххас карда шуданд, аз ҷумла:
ба давлатҳои аъзо тавсия дода шудааст, ки ҳамкориро ҷиҳати васеъ намудани иқтидор дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар шаклҳои мубодилаи дониш, пешниҳоди технология дар шартҳои аз ҷониби тарафайн баррасишуда, кӯмаки техникӣ, омода намудани мутахассисон ва минбаъд баланд бардоштани савияи дониши онҳо, амалӣ намудани таҳқиқотҳои байналмилалии муштарак ва дигар шаклҳо ба роҳ монанд;
аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварда шудааст, ки механизмҳои дахлдорро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ барои дастгирии ҷоринамоии низомҳои масъул ва фарогири зеҳни сунъӣ ва баҳодиҳии таъсири ин низомҳо барои ба миён овардани имкониятҳои нав дар самти рушди устувор дар минтақа коркард намоянд. Инчунин, даъват ба амал бароварда шудааст, ки муносибатҳои шарикии байналмилалиро дар самти зиёд намудани иқтидори зеҳни сунъӣ дар коркарди барномаҳои таълимӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба захираҳо зеҳни сунъӣ, инчунин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии иштироки ширкатҳои хурду миёна дар иқтисоди рақамӣ ба роҳ монда шаванд.
Яке аз масъалаҳои марказии қатънома ин дастгирии ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба созмон додани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади кӯмак баҳри фароҳам овардани имкониятҳои нав ҷиҳати таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин маълум мегардад, ки қатънома бо мақсади истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ дар самти таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ яке аз воситаҳоро дар истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ ҷиҳати ноил шудан ба инкишофи минбаъдаи илму технология, иқтисоди рақамӣ ва дар маҷмуъ инсоният баррасӣ менамояд.
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе чун маркази байналмилалии минтақавӣ ҷиҳати ба миён овардани шароити дахлдор дар рушди зеҳни сунъӣ дар маҷмуъ, инчунин таҳия ва қабули пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ баромад хоҳад намуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қатънома яке аз масъалаҳои бағоят муҳим – коркарди чораҳо оид ба рушди низоми зуҳни сунъии бехатар, боэътимод ва боваринок баромад намуда, баҳри он бояд тавозуни танзим ва инноватсия таъмин карда шавад. Масъалаи мазкур маънои онро дорад, ки ҳарчанде зеҳни сунъӣ чун технологияи муосир, рушдкунанда ва зарурии ҷомеи имрӯза эътироф шавад ҳам, аммо набояд онро фаромӯш сохт, ки он метавонад як қатор мушкилиҳоро низ ба миён оварад. Ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ёфтани тавозуни танзими ҳуқуқии истифодаи минбаъдаи зеҳни сунъӣ ва таъмини истифодаи бехатари он яке аз масъалаҳои мубрам дар назди илми ҳуқуқшиносии муосир низ мебошад.
Дар навбати худ, дар ин бобат мо чунин ақида дорем, ки масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ бояд пеш аз ҳама дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои озмоишӣ (реҷаи махсуси танзимӣ) сурат гирифта, бо дастгирии стартапҳои гуногун истифодаи зеҳни сунъӣ дар ин ё он соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт озмоиш ва омӯхта шуда, вобаста аз натиҷаи бадастомада хулосаҳои дахлдор бояд баррасӣ карда шаванд. Бояд тазаккур карда шавад, ки дар самти амалишавии чунин лоиҳаҳои озмоишӣ низоми санадҳои ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти инноватсия ҷиҳати гузоштани қадамҳои аввалин заминаи ҳуқуқии дахлдорро фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, тибқи Қоидаҳои реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, таҳти № 798 тасдиқ карда шудааст, барои фароҳам овардани шароити махсуси ташкиливу ҳуқуқӣ барои шахсони ҳуқуқие, ки технологияҳоро дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ ҷорӣ менамоянд, як қатор имтиёзҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои озмоишӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин, дар ин асно бояд саҳми Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ қайд карда шавад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” ва Низомномаи Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, таҳти № 440 тасдиқ карда шудааст, маҳз ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ бо назардошти номгӯйи фаъолияти инноватсионию технологии мавҷуда ба субъектони Парки мазкур як қатор имтиёзҳо пешниҳод карда шудаанд.
Дар маҷмуъ, қайд бояд намуд, ки лоиҳаи қатънома ва дар асоси он созмон додани шудани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе барои ба сифати маркази рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ баромад намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи байналмилалии ҳуқуқиро гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани самтҳои асосии инкишофи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми роҳбарикунандаро доро хоҳад буд.
Сулаймонов Ф.С. – дотсенти кафедраи
ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ