Баррасии ҳамкориҳои рақамӣ барои Душанбе
29 январи соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир гардида, татбиқи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ҷойгиркунии муваққатии сутунпояҳои алоқаи мобилӣ ва беҳтарсозии сифати интернету алоқа баррасӣ гардид. Ҳамчунин, таъмини Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳо аз мавзуъҳои асосӣ буд.
Ҷонибҳо имкониятҳои лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд», марҳилаҳои татбиқ ва нақши муассисаҳоро шарҳ дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.