ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР НИЗОМИ НАВ
Бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025, № 911 солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия қабулу амалӣ карда шаванд.
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода низ барои такмил додан ва қабул намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ пешниҳодҳои саривақти ба мақоми ваколатдори қонунгузорӣ намуд.
Саравал Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гардидан ва амали кардани сиёсати пешгирифтаи давлат дар ин самт Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дар баргири ҳамаи паҳлуҳои фаъолият аз нав бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025, №480 тасдиқ карда шуд ва Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, № 252 тасдиқ карда шуда аз эътибор соқит дониста шуд.
Низомномаи нави қабулкарда бевосита вазифа, ваколат ҳуқуқҳо ва ташкили фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Ҳамзамон бо қарори мазкур ба сохторӣ он чунин тағийротҳо ворид гардид:
1. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ба раёсати рушди алоқа ва иттилоотонӣ табдил дода шуд;
– раёсати танзим ба раёсати танзим дар соҳаи алоқа табдил дода шуд;
– раёсати назорат ба раёсати назорат дар соҳаи алоқа табдил дода шуд;
– шуъбаи муҳосибот ва молия ба шуъбаи молия ва муҳосибот табдил дода шуд;
– бахши муносибатҳои байналмилалӣ ба раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя табдил дода шуд;
– бахши ҳуқуқ ба раёсати ҳуқуқ табдил дода шуд;
– бахши кадрҳо ва корҳои махсус ба шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус табдил дода шуд;
– бахши умумӣ ба шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро табдил дода шуд.
Инчунин ду воҳиди сохтории нав дар дастгоҳи марказии Хадамот вобаста бо талаботи рушди ҷомеаи ҷаҳони дар самти технологияҳои иноватсионӣ таъсиси дода шуданд, ки раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ ва шуъбаи иқтисод ва маркетинг мебошанд.
2. Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– шуъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамихел боқи монд;
– бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамихел боқи монд;
– шуъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табдил дода шуд.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб пурра барҳам дода шуд.
3. Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком» ба ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» табдил дода шуд;
– корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» ҳамихел боқи монд;
– корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус» ва корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка» бо роҳи муттаҳидшави ба корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» табдил дода шуд;
– муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ» ҳаминтавр боқи монд;
– редаксияи газетаи «Ҳафтаномаи «Алоқа» ба муассисаи давлатии «Маҷаллаи Алоқа» табдил дода шуд;
– муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба ба муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ» табдил дода шуд;
Инчунин, корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии иншооти алоқа» таъсис дода шуд, ки мувофиқ ба талаботи замони имрӯза мебошад.
Дигар навгонии қонунгузорӣ дар ин самт қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боаи тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2025, № 632 мебошад ва бевосита дар асоси қарори мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, №331 «Дар бораи Комиссияи давлатии радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуд.
Низомномаи мазкур низ мақсад, вазифаҳо, ваколатҳо ва ташкили фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст.
Комиссияи давлатӣ ҳамчун мақоми байниидоравии машваратӣ фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ карда, мақоми давлатӣ оид ба татбиқи сиёсати ягонаи идораи радиобасомадҳо мебошад, ки сиёсати дарозмуддати банақшагирии тақсимот ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо, захираи миллии таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии истифодабарандагонро дар ҳудуди мамлакат таъмин мекунад ва манфиатҳои давлатро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳифз мекунад.
Инчунин, фармоиши сардори Хадамоти алоқа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ» таҳия гардида, аз ҷониби сардори Хадамоти алоқа 24 июни соли 2025, №16-И ба имзо расид. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки санаи 9 июли соли 2025, №1352 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Айни замон фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида, ба Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани расмиёти таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод карда шудааст.
Ғайр аз ин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546» таҳия карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо» таҳия шуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Айни ҳол бо ҳамоҳангсозии Раёсати ҳуқуқ дар ҳамроҳӣ бо раёсатҳо ва ҳуқуқшиносони воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди коркард қарор доранд.
Ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабр ироа гардида буд, Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳамзамон вобаста лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» гӯруҳи корӣ таъсисдода барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудааст.
Фирдавс Абдуллозода, Сардори раёсати ҳуқуқи
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз маҷаллаи “Алоқа” январ 2026 /№1