Ба роҳ мондани фаъолияти расмии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навид Хабарҳои Хадамот

Ба роҳ мондани фаъолияти расмии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тамоми расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавии Starlink дар ҳудуди кишвар ба анҷом расонида шуда, аз 5 феврали соли 2026 фаъолияти он расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Бо ин, имконияти истифодаи расмии хизматрасониҳои интернети моҳворавӣ барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо фароҳам оварда шуд.

Харид, дастрас намудани таҷҳизот, инчунин маълумот оид ба шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ аз ҷониби муштариён мустақиман аз сомонаи расмии Starlink.com дастрас карда мешавад. Нархи таҷҳизот ва тарофаҳои хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати Starlink тибқи сиёсати тиҷоратии худ муайян мегардад.

Истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона дар сомонаи Starlink ба қайд гирифта, онро фаъол намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ маълумоти шахсӣ, аз ҷумла нусхаи шиноснома, силсила ва рақами шиноснома, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами телефон, инчунин маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои пардохти хизматрасонӣ талаб карда мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади ба низом даровардани истифодаи таҷҳизоте, ки қаблан бе иҷозат ва бе гузаштани расмиёти муқарраргардида фаъол буданд, Хадамоти алоқа ба истифодабарандагон тавсия медиҳад, ки расмиёти бақайдгирии муқарраргардида, ки тартиби он дар пайванди зерин нишон дода шудааст (https://starlink.com/tj/support/article/d1e19d25-a05b-3d15-e831-2aea19b53e92), гузаранд ва истифодаи таҷҳизотро ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намоянд, то аз ҷониби ширкати Starlink нисбат ба чунин таҷҳизот маҳдудият ё қатъи хизматрасонӣ татбиқ нагардад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирии истифодабарандагон ва таҷҳизоти Starlink аз ҷониби худи ширкати Starlink анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.

Хадамоти алоқа раванди истифода ва фаъолияти хизматрасониро назорат намуда, дастрасии маълумоти заруриро барои мақсадҳои назоратӣ ва танзимӣ таъмин менамояд.