Баргузории нишасти матбуотии Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Баргузории нишасти матбуотии Хадамоти алоқа

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2024 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, баргузор гардид.

Дар нишаст Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, корхонаҳои зертобеи Хадамот, раҳбарияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ ва беш аз 40 нафар намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорону журналистон ва таҳлилгарон иштирок карданд.

Нишастро Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар маълумот дод.

Дар қисмати дигари нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзномагирон посухҳои мушаххас дода шуд.