Далер Наимов: «Дастаи мо   – шахсони  зираку  кордон»

Навид

Далер Наимов: «Дастаи мо   – шахсони  зираку  кордон»

Раёсати  минтақавӣ (РМ) дар шаҳри Душанбе ва НТМ –  зерсохтори   ҷавонтарин дар ширкати МегаФон Тоҷикистон мебошад. Вале маҳз воҳиди мазкур  на танҳо дар ширкат, балки дар тамоми бозори телекоммуникатсионии кишвар  майдони оғози бисёр навовариҳо гардид. Дар бораи фаъолияти РМ дар «пойтахт» директори он  Далер Наимов чанд сухан мегӯяд.   

 Раёсати  минтақавии  шумо  чӣ  хусусият   дорад? Оё онро беназир ҳисобидан мумкин аст?    

– Гумон  мекунам  ҳа.   Ҳар  гуна технологияҳо ва маҳсулоти нав аввал дар шаҳрҳои калон ҷорӣ  карда   мешаванд – ин таҷрибаи маъмулӣ барои ҳамаи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад.     МегаФон Тоҷикистон  бошад  аксар вақт дар кишвар аввалин шуда навовариҳоро азхуд мекунад.  Маълум мешавад, ки РМ-и мо аввалин шуда ба муштариён  чизеро пешкаш мекунад, ки то ҳол дар Тоҷикистон дастрас набуд.     Мисоли оддитарин  замимаи  мобилии “MeгаФон Life” аст.        Он дар бозори телекоммуникатсионӣ бениҳоят маъруф аст  ва баъзе функсияҳои  муфиди Super App-и мо дар пойтахт ва НТМ “мукаммал” карда  мешаванд. Ҳамин тариқ, сокинони Душанбе метавонанд  доруҳо ва маҳсулоти хӯроквориро то дари хона  фармоиш диҳанд. Дар технологияҳои алоқа   низ чунин  аст. Дар Душанбе нахустин минтақаи озмоишии 5G бо суръати  баланди интернети мобилӣ ба кор даромад. Мо ифтихор дорем, ки ин яке аз марҳилаҳои   аввалини шабакаи насли панҷум на танҳо дар кишвар, балки дар ҷаҳон буд.      Акнун   мо ин таҷрибаро дар   дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ   низ паҳн мекунем.

– Умуман  ҳоло шабакаи  «МегаФон Тоҷикистон» дар  Душанбе ва НТМ то чӣ андоза  рушд ёфтааст?

-Ин як инфрасохтори хеле ҷиддӣ аст. Дар пойтахт мо 250  майдон дорем, ки дар онҳо  наздики  630 пойгоҳи  базавии (ПБ) андозаашон  гуногун амал  мекунанд. Пойгоҳҳои  насли чаҳорум, ки барои суръати баланди интернети мобилӣ “масъул” ҳастанд, дар ҳар як майдон  ҷойгиранд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат ҳудуди 425 майдон  дорад, ки қариб дар ҳама ҷо фарогирии 4G  мавҷуд аст.  Барои Тоҷикистон, ки асосан кӯҳҳои зиёд дорад  ва масоҳати аҳолинишинаш он қадар калон нест, ин рақамҳо назаррасанд.   Вале мо  бо ин ҳам маҳдуд  намешавем.  ПБ-и нав мунтазам ба кор дароварда   мешаванд. Имсол мо ният дорем, ки шабакаро боз бо   70 майдони дигар  васеъ гардонем.  Аз инҳо 25-тоаш аллакай кор мекунад.

– Барои пурра анҷом додани сохтмон чанд пойгоҳи базавӣ лозим аст?

– Ҳар як мутахассиси алоқа ба шумо гуфта метавонад, ки  эҳтимол корҳои сохмонӣ  пайваста идома меёбанд ва  анҷоми пурраи худро  надоранд.   Аввалан, ландшафти   шаҳрҳо тағйир меёбад. Бубинед, ки дар Душанбе чй кадар хонаҳои нав сохта шуда истодаанд ва  ин маънои онро дорад, ки дар ин ё он ноҳия  теъдоди  сокинон бештар мегардад,   трафики абонентӣ меафзояд  ва барои ин  пойгоҳҳои базавии иловагӣ лозиманд.  Дуюм, наслҳои нави  алоқа  пайдо мешаванд. Дар ноҳияҳо мо ҳоло ҳам шабакаи 4G месозем ва дар шаҳрҳо бошад вақти 5G фаро расидааст. Сеюм, техника нав карда мешавад.  Мо ҳоло  навсозии навбатиро анҷом дода истодаем, батареяҳои аккумуляториро ба намудҳои нави  пуриқтидор ва боэътимод иваз мекунем,  пештар дар бозори телекоммуникатсионӣ  чунин батареяҳо вуҷуд надоштанд. Соли гузашта мо кариб дар 200 пойгоҳи   базавй батареяхоро иваз намудем.  Дар соли 2025 мо нақша дорем, ки дар НТМ  боз 330 маҷмӯи  нави батареяҳои аккумуляториро  насб гардонем.  Ин ба сифат ва дастрасии алока, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, таъсири  бевосита  мерасонад.

– Оё ҳастанд  минтақаҳое, ки  то ҳол сокинонашонро   танҳо   “МегаФон Тоҷикистон”  бо алоқа таъмин мекунад?

– Ҳа,  албатта. Масалан, дар дараи Ромит деҳаҳои   Вистан, Девдара, Сорво, Яфрак мисоли онҳост.   Ин натиҷаи кори мақсадноки мост, то ки  ҳамагон, ҳатто минтақаҳои душворгузар,   бо алоқа таъмин карда шаванд. Зимнан, шабакаи  хизматрасонии мо низ  дар минтақа калонтарин аст. Дар тобеияти  РМ   дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 147 толори  хизматрасонӣ ба муштариён  амал мекунад. Мо барои рушди  системаҳои худхизматрасонӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳем ва  метавонем ҳамон Super App-и “MeгаФон  Life”-ро  ном барем.  Зимнан,  мизоҷони  оффлайни ширкат  низ  бояд  ба  хизматрасониҳо дастрасӣ дошта  бошанд.

– Оё РМ-и шумо ба   ягон мушкилӣ дучор  шудааст?    

– Бале.  Лекин,  бори дигар қайд мекунам,  ки ин  душвориҳо танҳо  ба мо марбут набуда,  балки   хоси тамоми соҳаи алоқа мебошанд.    Пандемия, мушкилоти иқлим, хусусиятҳои географии   Тоҷикистони кӯҳӣ, яъне  ба кормандони алоқа пайваста муяссар мегардад,  ки   роҳҳои ҳалро дар  ҳолатҳои ғайристандартӣ пайдо намоянд.   Маҳз дар ҳамин вақт  даста нақши муҳим мебозад.    Ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ  ҳамеша  сар мезананд ва ин худ  як  ҳодисаи ҳаёт аст, муҳим он аст, ки  ба онҳо   фавран   ва самаранок  эътино карда шавад.   Ҳар нафаре, ки тавонист  соҳибкасбони кордону  бомаҳоратро  гирд оварад,  ҳамеша пешсаф   мегардад.

Мо як дастаи бузурги ба ҳам дӯсту тифоқ  дорем.   Маҳз ба шарофати  кормандони масъул   мо ба натиҷаҳои баланд ноил гардидем. Мо ифтихор дорем, ки МегаФон Тоҷикистон  чандин бор   ҳамчун беҳтарин ширкати  телекоммуникатсионии    пойтахт эътироф шудааст. Ин далели он аст, ки мо софдилона ва  фидокорона кор мекунем. Ҳамзамон,  суханони  неки  сипос,  ки  мо аз сокинони кишвар  мешунавем, худ  як мукофоти пурарзиш аст.              Ширкат аксар вақт чорабиниҳои бузург  баргузор менамояд, ки дар онҳо имконияти  муошират бо ҳазорон ашхоси касбу кори гуногун   вуҷуд дорад ва    ин хеле муҳим аст. Масалан, «МегаФон Лайф Фест», «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»-ро, ки  соли гузашта  доир гардид,   ба хотир оварда метавонем.  Чанде пеш чемпионати калони бачагона, ки мо якчоя бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони   Тоҷикистон гузаронида будем, ба анҷом  расид.  Ҳамаи ин барои наздик шудан ба муштариён,  дарки   он, ки онҳо аз оператори худ чиро   интизоранд, кӯмак мекунад. Мо   ширкате  мешавем,   ки ҳамеша,   ҳам дар рӯзҳои корӣ ва ҳам дар рӯзҳои ид, дар  паҳлуи      мизоҷон  бошад.