Хониши сиёсӣ доир ба мубориза бо коррупсия дар Хадамоти алоқа
Рӯзи 12-уми сентябр дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Раҳмонзода Фаромарз – намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Муртазозода Аҳлиддин – муовини Сардори Хадамоти алоқа, Абдуллозода Фирдавс – мудири бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқа ва кормандони сохторҳои Хадамоти алоқа ширкат намуданд.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шарҳ дода, аҳамияти ин санадро барои мубориза бо коррупсия бозгӯ намуд. Зикр гардид, ки ин падидаи номатлуб дар ҷомеа ба рушди устувори кишвар таъсири манфӣ дошта, мубориза бар зидди коррупсия вазифа ва масъулияти ҳар шаҳрванд, аз ҷумла кормандони давлатӣ, мебошад.
Раҳмонзода Фаромарз – намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз кормандони Хадамоти алоқа даъват ба амал овард, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо риояи қонун фаъолияти шаффоф дошта бошанд.