Исфандиёри Саъдулло: Тоҷикистон гомҳои муҳим дар роҳи рушди иқтисоди рақамиро бардошта истодааст

Навид Хабарҳои Хадамот

Исфандиёри Саъдулло: Тоҷикистон гомҳои муҳим дар роҳи рушди иқтисоди рақамиро бардошта истодааст

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар суханронии худ дар Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan” иброз дошт, ки рушди ҷомеаи рақамӣ ва иқтисоди инноватсионӣ имрӯз ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, рақамикунонӣ муҳаррики асосии пешрафти иқтисодӣ ва технологӣ мебошад ва бе иртиботи боэътимод ва босифат амалӣ шудани он номумкин аст.
Сардори Хадамот зикр кард, ки мутобиқсозии низоми телекоммуникатсионӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар меҳвари фаъолияти Хадамоти алоқа қарор дорад. Дар доираи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Хадамоти алоқа барои мутобиқ намудани арзиши интернет ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва васеъ кардани дастрасӣ ба он фаъолона кор мебарад.
Ба маълумот Исфандиёри Саъдулло, аз аввали соли 2025 дар Тоҷикистон нархи интернети мобилӣ ва собит то 55 фоиз коҳиш ёфта, ҳаҷми трафик дар бастаҳои хизматрасонӣ то 50 фоиз афзудааст. Ин пешрафт ба шарофати тадбирҳои пайваста барои арзон намудани воридоти трафик, густариши каналҳои беруна ва бекор кардани тарифҳои кӯҳна, ба даст омадааст.
Ҳамзамон дар кишвар инфрасохтори алоқа босуръат рушд мекунад — пойгоҳҳои муосири алоқа насб шуда, хатҳои нахи оптикӣ васеъ мегарданд. Аз моҳи июли соли равон суръати ҳадди ақалли интернети мобилӣ то 15 Мбит/с баланд бардошта шудааст ва то охири сол афзоиш то 30 Мбит/с дар назар аст.
Дар доираи эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо”, Хадамоти алоқа як қатор иқдомҳои муҳимро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, дар моҳи майи соли ҷорӣ нахустин Нуқтаи миллии мубодилаи трафики интернет (TJ-IX) дар ҶСК “Тоҷиктелеком” таъсис ёфт, ки ба баланд бардоштани суръат ва таҳкими истиқлоли рақамии кишвар мусоидат мекунад.
Ҳоло мутахассисони соҳа болои таҳияи Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои 10 соли оянда фаъолона кор мебаранд, ки ҳадафи он муосиргардонии зерсохтор, татбиқи технологияҳои пешрафта ва фароҳам овардани заминаи устувори рушди рақамист.
Яке аз самтҳои калидии стратегия — густариши шабакаҳои насли нав 5G мебошад. То соли 2030 нақша гузошта шудааст, ки беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар ба интернети боэътимоду босуръати 5G дастрасӣ дошта бошанд.
Дар анҷоми маърузаи худ Сардори Хадамоти алоқа таъкид кард, ки бо талошҳои муштарак Тоҷикистон пояи устувори ояндаи рақамиро мегузорад. Навсозии инфрасохтор, татбиқи технологияҳои нав ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир кишварро ба як қисми фаъоли экосистемаи ҷаҳонии рақамӣ табдил хоҳад дод.
“Мо мекӯшем, ки ҳар як шаҳрванд аз имкониятҳои давраи рақамӣ баҳра барад ва Тоҷикистон ба намунаи табдили муваффақи рақамӣ мубаддал гардад,” — гуфт Сардори Хадамоти алоқа дар фарҷоми суханрониаш.
Ёдовар мешавем, ки 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои соҳаи алоқа, коршиносон, соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.