Иштироки сардори Хадамоти алоқа дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар Тошканд

Навид Хабарҳои Хадамот

Иштироки сардори Хадамоти алоқа дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар Тошканд

Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло дар ҷаласаи Шӯрои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба иттилоотонӣ дар назди Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло зимни суханронии худ ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳоти маънодор дар бахши алоқа ишора намуда, зикр намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.

Дар Тоҷикистон тадбирҳои бузург, аз ҷумла қабули стратегия ва санадҳои асосии консептуалӣ, ки ба табдили тадриҷии рақамӣ равона шудаанд, фаъолона амалӣ карда мешавад. Технологияҳои муосири рақамӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳукумат бомуваффақият ворид карда мешаванд ва дар бахши хусусӣ ҳам ширкатҳое, ки барои татбиқи технологияҳои нави рақамӣ кор мекунанд, фаъолона рушд карда, тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногунро ҷорӣ менамоянд” – иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.

Ҷаласаи Шӯрои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба иттилоотонӣ дар назди ИМА рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар доираи он масоили гуногуни марбут ба соҳаи алоқа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо қарорҳои дахлдор доир ба таҳияи равишҳои минтақавии умумӣ дар масъалаҳои дастрасии низомҳои алоқаи кайҳонии орбиталии паст дар давлатҳои иштирокдори ИДМ, ташаккули нархҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқа дар роуминг ва муқовимат бо қаллобӣ (фрод) дар шабакаи алоқаро қабул намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи мазкур аъзо ва нозирони Шӯрои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба иттилоотонӣ дар назди ИМА масъалаҳои муҳимми тараққиёти саноати алоқа ва технологияҳои иттилоотиро муҳокима намуданд. Рушди IT-паркҳо, паркҳои технологӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар бахши ТИК, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ТИК, дастрасӣ ва рушди системаҳои моҳвораҳои пасторбиталӣ (NGSO) дар минтақа аз қабили масъалаҳои дигаре буд, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.