Лоиҳаи нави озмоишӣ дар Тоҷикистон ба интиқолҳои оддии байни шаҳрвандон дахл надорад ва истифодаи ҳамёнҳои электрониро маҳдуд намекунад.
Чӣ тағйир меёбад?
📌 меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% коҳиш дода мешавад
📌 ҳисобкунии андоз ва пешниҳоди ҳисобот автоматӣ мегардад
📌 бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ осонтар мешавад
📌 барои пардохтҳои ғайринақдӣ кешбэк пешбинӣ шудааст
Лоиҳа дар марҳилаи озмоишӣ роҳандозӣ шуда, дар оянда метавонад ба рушди низоми пардохтҳои рақамӣ мусоидат намояд.