Маҷлиси ҷамъбастии Хадамоти алоқа: натиҷаҳои нӯҳмоҳаи фаъолият ва вазифаҳои минбаъда

Навид

Маҷлиси ҷамъбастии Хадамоти алоқа: натиҷаҳои нӯҳмоҳаи фаъолият ва вазифаҳои минбаъда

Имрӯз дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи соли 2025 ва муайян кардани самтҳои асосии кор барои давраи боқимондаи сол бахшида шуд.

Дар кори ҷаласа раиси ҳайати мушовара — Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло, аъзоёни ҳайати мушовара, роҳбарони зерсохторҳо, сардорони раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон, масъулини соҳаи алоқа аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таври маҷозӣ ба муҳокима ҳамроҳ шуданд.

Зимни нишаст натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳо, чанд раёсати дастгоҳи марказӣ ва сардорони шуъбаҳои Хадамоти дар минтақаҳои аз фаъолияти худ ҳисобот доданд.

Дар рафти ҷаласа танзими фаъолияти Хадамоти алоқа дар асоси сохтори нав ва низомномаи он дар таҳрири нав арзёбӣ гардид.

Иштирокчиён ҳамчунин доир ба рушди минбаъдаи соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа, татбиқи шабакаи 5G ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар доираи солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷом ба масъулин барои беҳтарсозии фаъолияти сохторҳо ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастур ва тавсияҳои мушаххас дода шуданд.