Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориз” ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат
Дар Хадамоти алоқа Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти солона мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар давраи ҳисоботӣ дар баробари дигар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таҳкими мавқеи ҳизб дар байни кормандони соҳа равона гардидааст.
Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» Нориён Парвиз зимни пешниҳоди ҳисоботи солона аз натиҷаҳои фаъолияти дохилиҳизбӣ, иштироки аъзоён дар чорабиниҳои сиёсӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ ёдовар шуд. Ӯ зикр намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ба талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ, инчунин такмили ҳуҷҷатгузорӣ, супоридани ҳаққи узвият ва ба қайдгирии мунтазами он дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иқдоми саривақтӣ буда, он барои баланд бардоштани сатҳи интизоми ҳизбӣ, танзими ҳаракати аъзоён ва расонидани ёрии методӣ нақши муассир бозид. Дар натиҷаи ҳамкории мутақобила байни гуруҳи корӣ ва масъулини ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Ориз» фаъолияти дохилиҳизбӣ шакли муназзам ва ҳадафманд касб намуд.
Убайдулло Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар баромади худ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими амнияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври возеҳ муайян шудаанд.
Номбурда ҳамчунин ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ишора намуда, таъкид кард, ки дар чунин шароит шинохти дурусти манфиатҳои миллӣ, таҳкими зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ, бахусус аъзои ҳизб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҲХДТ бояд дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат фаъолона саҳм гузошта, бо амалҳои худ намунаи ибрат бошанд.
Сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Маҷаллаи алоқа» Икромӣ Сироҷиддин Икром низ зимни баромади худ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки муваффақиятҳои бадастомада самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар буда, Паём ҳамчун роҳнамои амал барои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи алоқа, хизмат мекунад.
Дар фарҷоми маҷлис иштирокчиён иброз доштанд, ки мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва саҳмгузории бештар дар рушди устувори кишвар раҳнамун месозад. Қарор дода шуд, ки минбаъд низ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳизб фаъолона иштирок намоянд.
