Маълумотнома  оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Навид Хабарҳои Хадамот

 

Маълумотнома  оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд, ҳамзамон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, дар самтҳои муайяншуда нақшаҳои соҳаи алоқаро таҳия ва роҳандозӣ кард.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Роҳбари давлат Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар, лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар Паём ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо интернети баландсуръат ва рушди устувори инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла тавассути таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ, зиёд намудани иқтидори хатҳои байналмилалии алоқа ва татбиқи чораҳои фаврӣ дар самти рақамикунонӣ, тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати супориши Роҳбари давлат, дар Хадамоти алоқа гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода шуда, корҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегияи мазкур ба роҳ монда шуданд. Айни ҳол таҳлил ва ҷамъбасти вазъи кунунии соҳа, муайян намудани афзалиятҳо, ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои асосии рушди соҳаи алоқа барои давраи дарозмуддат идома дорад.

Дар назар аст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардида, барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шавад.

Татбиқи Стратегияи мазкур ба рушди инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба интернети баландсуръат, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии пешрафта ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Қобили зикр аст, ки Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025, №480 тасдиқ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти алоқа тибқи нақшаҳои корӣ ба татбиқ намудани ислоҳот дар соҳаи алоқа, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хусусӣ ба инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия баҳри арзон, босифат ва саривақт амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи алоқа, инчунин таҳвили маълумот, таъсиси шабакаҳои нақлиётии баландсуръати нахи нурӣ ва насби таҷҳизотҳои алоқа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ 1946 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (798 ададро ташкил медод) 243,9% зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ умуман 17019 адад истгоҳҳои базавӣ фаъолият карда истода, насби истгоҳҳои базавӣ идома дошта, дар соли 2026 боз насби 1850 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли ҷорӣ 1499 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2024, ки 300 километрро ташкил медод, 5 баробар (500%) зиёд мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10030 километр шоҳроҳҳои хати нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, дар соли 2026 кашидани 4683 км хатҳои нави нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Феълан лоиҳаҳои шоҳроҳҳои алоқаи хати нахи нурии зерин роҳандозӣ гардида истодаанд:

– масири Душанбе – Дарвоз – Хоруғ – Кулма. Қитъаи Душанбе – Норак ба масофаи 73 километр ва қитъаи Кӯлоб – Ш.Шоҳин – Дарвоз ба масофаи 182 километр иҷро гардидааст. Қитъаи Дарвоз – Ванҷ – Рушон – Хоруғ ба масофаи 310 километр ва қитъаи Хоруғ – Кулма ба масофаи 445 километр корҳо оғоз гардиданд;

– Нуробод – Рашт – Тоҷикобод – Лахш – деҳаи Қарамиқ ба масофаи 213 километр;

– Обигарм – Нуробод ба масофаи 90 километр хати нахи нурӣ кашида шуда, пурра иҷро гардид;

– ҷониби самти Ворух 23 километр иҷро гардида, корҳои марбут ба гузариши хат ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон идома доранд.

Ҳамчунин, баҳри таъмин намудани хизматрасонии мӯътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд аст ва дар ҳолатҳои садамавии нерӯи барқ, ҷиҳати харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ амалӣ гардонида шуда, дастрас, насб ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дода шудааст. Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 9642 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 3276 адад дизелгенераторҳо ва 485 адад панелҳои офтобӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, боз дар соли 2026 насб ё иваз намудани 1839 аккумуляторҳо, 262 адад дизелгенераторҳо ва насби 825 панелҳои офтобӣ бо иқтидори 4 МВт ба нақша гирифта шудаанд.

Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро таҳким дода истодааст.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо операторони мазкур арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд.

Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ ба ҳисоби миёна то 55 фоиз поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 30 Мбит/с бекор гардиданд.

Вобаста ба ин Фармоиши Сардори Хадмоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №16-И, дар бораи “Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқа барқӣ” ба тасвиб расида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9 июли соли 2025, №Р/Б1352, ба қайд гирифта шудааст.

Суръати интернети собит дар соли 2025 аз 30 Мбит/с ба 40,42 Мбит/с расонида шуд. Раванди мазкур идома ёфта, суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд. Шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати Ookla ҷиҳати танзими рейтинги Тоҷикистон вобаста ба сатҳу сифати интернет баста шудааст.

Яке аз омилҳои паст будани сифати интернети мобилӣ дар мамлакат ин дар 5 соли охир 10 баробар (аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт) зиёд гардидани талабот ба интернет маҳсуб ёфта, сарборӣ дар истгоҳҳои базавӣ ба бор овардааст.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,2 миллион (8 млн. дар соли 2024) нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,9 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,2 миллион (4,5 млн. дар соли 2024) ададро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,1 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.

Шумораи умумии субъектҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқа, ҳамагӣ 97 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 251 иҷозатномаҳо фаъолият доранд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои зикршуда дар соли 2025 ҳамагӣ 56 адад иҷозатнома ба 40 субъекти хоҷагидор дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 80100 сомонӣ маблағ ворид гардид.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 25 адад иҷозатномаҳо мӯҳлаташон ба итмом расида, аз ин 13 адад иҷозатномаи нав гирифтанд ва бинобар сабаби аз тарафи субъектони хоҷагидор иҷро нагардидани шарту талаботҳои иҷозатномавӣ ва бо дархости онҳо 58 адад иҷозатномаҳо бекор карда шуданд.

Дар соли 2025 умуман 144 адад иҷозат ва 433 адад сертификати мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шуда, аз ҳисоби иҷозат 1044530 сомонӣ, сертификатсия 97425 сомонӣ ва рақамгузорӣ 65746246 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ 129 парванда нисбати 119 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 – 93% зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади хизматрасонии оператори миллӣ ҶСК “Тоҷиктелеком” дар соли 2025 ба маблағи 321919200 сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (195714300 сомонӣ) 164,5 % зиёд гардидааст.

Дар соли 2025 ба аҳолӣ ба маблағи 18329103 сомонӣ хизматрасониҳои почта расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (14019656 сомонӣ) ба андозаи 130,7 % афзудааст. Айни ҳол барои ба самтҳои гуногун фиристодани муросилоти почта ҳамкории судманд бо ҳамтоёни давлатҳои ИДМ ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла пас аз таваққуфи яксола мубодилаи почта бо Руссия аз 20 майи соли 2025 барқарор гардид.

Ҳаҷми умумии даромади КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” дар соли 2025 ба маблағи 28860371 сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (17074681 сомонӣ) 169 % зиёд гардидааст.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра назорати радиотехникии 15404 адад истгоҳҳои базавӣ, 8730 адад истгоҳҳои радиорелеӣ ва 701 адад радиомодемҳо гузаронида шудааст.

Инчунин, дар соли ҷорӣ гардиши умумии муросилоти фелдегерӣ 127683 равонаро ташкил дод, аз ҷумла 2615 бастаю равонак, 7365 лифофаи фаврӣ, ки ҳамаи онҳо сари вақт ва бе камбудӣ ба суроғаҳояшон расонида шуданд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар соли 2025 даромади умумии соҳаи алоқа 5 миллиарду 52 миллиону 795 ҳазору 187 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (4 миллиарду 333 миллиону 274 ҳазору 496 сомонӣ) 16,6% фоиз зиёд шудааст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби ин даромадҳо ба буҷети давлат андозҳо ба маблағи 1 миллиарду 754 миллиону 478 ҳазору 315 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024 (688 миллиону 798 ҳазору 285 сомонӣ) 254,7% фоизро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ барои рушди шабакаҳои соҳаи алоқа дар соли 2025 ба андозаи 855133741 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар соли ҷорӣ 856767647 сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда 100,2 % фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Теъдоди кормандони дар соҳаи алоқа фаъолияткунанда зиёда аз 5976 нафарро ташкил дода, аз ин мардҳо 4250 нафар (71,11%), занҳо 1726 нафар (28,88%), шумораи мутахассисони соҳаи алоқа 4269 нафар, муҳандисони алоқа 1105 нафар, муҳандисони IT – 346 нафар, муҳандисони барномасоз 123 нафар, кормандони касбҳои гуногун 133 нафарро ташкил менамояд.

Дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, Хадамоти алоқа фаъолияти худро бо назардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояҳои моддию маънавӣ ва истифодаи онҳо дар самти рушду нумуъи соҳаи алоқаи барқии кишвар амалӣ намуда, бо Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU), Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС), Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки рушди Осиё вохуриҳо гузаронида, ба ширкатҳои хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ лоиҳаҳои соҳавиро манзур намудааст.

Аз ҷумла дар соли 2025 аз ҷониби Хадмоти алоқа чорабиниҳои байналмилалии зерин баргузор карда шуданд:

– Рӯзҳои 27-28 март дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) барои коршиносони техникии ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истифодаи маълумоти кушода ва системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ барои таҳлил ва банақшагирии инфрасохтори ТИК”. Шумораи иштирокчиён зиёда аз 50 нафар;

– Рӯзҳои 7-11 апрел дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС) доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ гузаронида шуд, ки шумораи меҳмонон – зиёда аз 120 нафарро ташкил дод.

Ҳамзамон ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 рӯзи 7 апрели соли 2025 дар Душанбе Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» доир гардид, ки дар он намояндагон зиёда 19 давлат ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат намуданд;

– Рӯзҳои 14-15 май дар толори IT-Park-и шаҳри Душанбе Форуми Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар мавзӯи «Технологияҳои коммуникатсионии оянда» бо мақсади шиносоӣ бо технологияҳо ва консепсияҳои гуногуни рушди алоқа ва усулҳои автоматикунонии алоқа дар асоси зеҳни сунъӣ баргузор гардид, ки шумораи иштирокчиён – зиёда аз 80 нафарро дар бар гирифт;

– 1 декабри соли 2025 бо мақсади таблиғи истифодаи усулҳои андозагирии интернет аз ҷониби ҷомеаи техникӣ чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи андозагирии интернет” (Internet Measurment Day – IMD) якҷо бо RIPE network coordination centre (RIPE NCC) ва Internet Corporation for Assigned Names and Numbers (ICANN) доир гардида, шумораи иштирокчиён – зиёда аз 55 нафарро ташкил дод.

Баимзорасонии санадҳои ҳамкории байналмилалӣ:

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон (16.01.2025);

– Ёддошти тафоҳум барои пешбурди фаъолияти ҳамоҳангсозии интернет байни Маркази ҳамоҳангсозии шабакаи Réseaux IP Européens (RIPE NCC) ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» (15.05.2025).

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон (14.10.2025);

– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи «Интернет», муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа (14.10.2025);

– Ёддошти тафоҳуми байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Huawei Technologies Tajikistan» (14.10.2025);

– Протокол дар бораи ниятҳо ҷиҳати таъсиси маркази миллии радиомониторинг байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG (14.10.2025);

– Созишномаи литсензионӣ байни Хадамоти алоқа ва ширкати Starlink Tajikistan (SpaceX) доир ба оғози фаъолияти Starlink дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (14.10.2025);

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иттилоотикунонӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. санаи 27 декабри соли 2025 ба имзо расид.

Санади мазкур аз ҷониби Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Jinda Anbang имзо гардида, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ равона шудааст.

Имзои Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мутобиқ мебошад.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак:

– 14 майи соли 2025 оғози расмии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки айни замон Хадамоти алоқа ҷиҳати татбиқи ҷузъҳои дахлдори лоиҳаи мазкур ҳамкориро бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

– Хадамоти алоқа ҷиҳати татбиқи лоиҳаи иттисоли моҳвораӣ дар минтақаҳои хидматнашаванда ё дурдасти Осиёи Марказӣ (ташаббуси Иттиҳоди Аврупо) тибқи тартиби муқарраргардида бо он ҷониб ҳамкорӣ намуда истодааст. Муҳиммияти татбиқи ташаббуси мазкур рӯзи 4 апрели соли 2025 дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (шаҳри Самарқанд) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардидааст.

– Айни ҳол дар робита ба иҷрои банди 15 «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №АП-815 тасдиқ гардидааст, Хадамоти алоқа якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки амонатгузории Федератсияи Россия (СБЕРБАНК) ҷиҳати таъсиси «ШКОЛА 21» дар Душанбе корбарӣ намуда истодааст.

Аз тарафи Хадамоти алоқа дар умум 38 адад чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо алоқаи босифат, интернети баландсуръат ва таҷҳизоти техникии тақвияти овоз таъмин карда шуданд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки аз ҷониби Хадамоти алоқа мессенҷери миллии «Ориз» ҳамчун платформаи ягонаи иртиботӣ ва алоқа тарҳрезӣ ва мавриди истифодаи тести қарор дода шуда, айни ҳол дорои 130 ҳазор истифодабаранда мебошад.

Дар Хадамоти алоқа ва зерсохторҳои он гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ бо имзои электронии рақамӣ ба роҳ монда шуд, ки ин барои коҳиш додани хароҷот, суръат бахшидан ба равандҳои идора, сатҳи назорат, масъулият ва шаффофият мусоидат мекунад.

Дар соли 2025 ба Хадамоти алоқа дар маҷмуъ 4357 адад мактубҳо бо мазмун ва муҳтавои гуногун ворид гардида, аз Хадамоти алоқа 2737 адад мактубҳои содиротӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки Хадамоти алоқа дар доираи ваколатҳои худ риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро амалӣ намуда, муроҷиатҳои ба унвонии Хадамот воридшударо пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли мушкилот тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дода истодааст.

Дар давоми соли 2025 ба Хадамоти алоқа 95 адад муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин ба муаллифони 74 ададаш ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гардонида шуда, 21 адад муроҷиат мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дорад.

Дар Хадамоти алоқа маркази тамос бо рақами кӯтоҳи “4030” барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба сатҳу сифати соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият намуда, дар соли 2025 ба маркази тамоси мазкур 5795 адад арзу шикоят ворид гардида, аз ин шумора 563 адад дар раванди иҷроиш қарор дошта, 4424 адад мушкилиҳо бартараф карда шуданд ва 808 адад аз сабаби ба зангҳо ҷавоб надодани муроҷиаткунандагон бекор карда шудааст.

Роҷеъ ба ин бояд зикр кард, ки аксари муроҷиатҳо ҷиҳати рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ корҳои ченкунӣ ва насби пойгоҳҳои базавии иловагӣ гузаронида шуда, айни замон фаъолият дар самти рушди шабакаҳо идома дорад.

Баҳри иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки дар баробари дигар вазорату идораҳо Хадамоти алоқаи низ масъул гардидааст, аъзои ситод ва гуруҳи корӣ дар муҳлатҳои таъиншуда ба Хадамоти алоқа маълумотнома оид ба таҷҳизоти зарурӣ ва таъмини бемайлони дастрасӣ ба шабакаи интернетро манзур намуда истодаанд, ки он марҳила ба марҳила муҷаҳҳазгардониро дар бар мегирад.

Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025, №597 тасдиқ карда шуда, дар сомонаи Хадамоти алоқа ва портали ягонаи ҳукумати электронӣ ҷойгир карда шуда, тариқи замимаҳои мобилӣ, электронӣ, POS-терминалҳо ғайринақдӣ амалӣ карда шуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Хадамоти алоқа хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон роҳандозӣ гардид.

Барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилии ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар ин асно, аз ҷониби Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии “DMTEL” бо истифода аз комплекси барномавӣ-дастгоҳии NEMO (истеҳсоли Keysight Technologies) тадқиқоти сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бо гузаронидани ченкунию драйвтестҳо (санҷишҳо) ва ташхиси шабакаҳои алоқаи мобилӣ, ҷиҳати муайян намудани вазъи воқеъии фарогирӣ, дастрасии алоқа ба истифодабарандагон ва қитъаҳои мушкилидоштаи шабакаҳо ба роҳ монда шуда, хулосаҳои зарурӣ бароварда шуданд.

Дар робита ба ин, Хадамот нақшаи мушаххасро бо операторони мобилӣ таҳия намуда, баҳри бартараф намудани омилҳои мавҷудияти қитъаҳои мушкилидошата ва мукаммал (оптимизатсия) намудани шабакаҳо ва марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори зарурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии интернет дар ҷумҳурӣ, тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Бо Амри сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025, №01-72075 операторони мобилӣ вазифадор карда шуданд, ки фарогирии доимӣ, устувор ва боэътимоди шабакаи мобилии стандарти 4G-ро дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии кишвар, бо дарназардошти нақбҳо, таъмин намоянд.

Мутобиқи талаботи амри мазкур, операторони мобилии ҶСП «ТТ Мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком» ва ҶСП «Вавилон М» уҳдадор гардиданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқшуда то 30 сентябри соли 2026 фарогирии пурраи роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро бо шабакаи мобилии стандарти 4G таъмин намоянд.

Дар раванди иҷрои амр, истифодаи механизмҳои муосири ҳамкорӣ, аз ҷумла шарикии пойгоҳҳо (Site Sharing) ва шарикии шабакаи радиоӣ (RAN Sharing) пешбинӣ гардида, ин равиш ба кам кардани хароҷоти сармоягузорӣ, суръат бахшидани рушди инфрасохтор ва таъмини фарогирии босифат дар минтақаҳои дорои мушкилоти техникиву ҷуғрофӣ равона шудааст.

Татбиқи тадбирҳои зикршуда ба беҳтар гардидани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар роҳҳои стратегӣ, таъмини амнияти ҳаракат, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ва меҳмонон ба хизматрасониҳои рақамӣ, инчунин рушди устувори инфрасохтори рақамии кишвар мусоидат менамояд.

Пайвастшавии ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодабарии Wi-Fi дар иншоотҳои хизматрасон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурушгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурӯдгоҳҳо ва монанди инҳо, амалӣ карда мешавад.

Идомаи татбиқи ҳадафу нақшаҳои ишорашуда муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва технологии шабакаҳои алоқаи мобилию ноқилиро талаб менамояд, ки дар ин самт аз ҷониби Хадамоти алоқа лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ тарҳрезӣ шуда истодааст.

Ба қатори чунин лоиҳаҳо – «Лоиҳаи таҷдиди шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат», ҳамчун асоси беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии интернет шомил шуда метавонад.

Ташкили нуқтаҳои мубодилаи интернет IXP (Internet Exchange Points), ки ба коҳиш додани арзиши интернет ва баланд бардоштани суръат мусоидат мекунанд. Айни ҳол IXP дар Душанбе татбиқ гардида, роҳандозии он дар шаҳрҳои дигари минтақа, пеш аз ҳама марказҳои вилоятӣ дар назар аст.

Дар доираи ҳамкориҳо шарикии давлат бо бахши хусусӣ якчанд лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд, аз қабилӣ:

– таъсиси манбаи муттамарказонидашудаи ирсол ва қабули СМС пайёмакҳо (СМС-хаб). Лоиҳаи мазкур аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба давлат ва операторон имкон медиҳад, ки тамоми пайёмҳои СМС-ро ба таври мутамарказ идора карда, амният, шароити даромаднокӣ, назорати сифат ва шаффофияти масирро таъмин кунад;

– таъсиси махзани электронии рақамҳои мобилӣ, ки низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии рақамҳои мобилӣ мебошад;

– татбиқи лоиҳаи “Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: тиҷорати электронӣ ва муросилоти почтавӣ”, ин рақамикунонии инфрасохтор муосиргардонӣ ва автоматикунонии равандаҳои коркард ва интиқоли борҳоро дар бар мегирад;

Бо суръати баланд рушд намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодабарии васеи онҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот, зарурияти роҳандозии шабакаи алоқаи мобилии насли 5G-ро дар кишвар ба миён меоварад. Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли 5G густариш ёфта истодаанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 84 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд; аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 77 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 2 адад ва Хуҷанд 3 адад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири алоқа, бо Амри сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2025, №01-72118 дар асоси Ёддошт оид ба таъсиси Консорсиум миёни Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи мобилӣ, ки 14 октябри соли 2025 ба имзо расидааст, Нақшаи насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи нақшаи мазкур, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад. Иҷрои нақша дар асоси марҳилаҳои пайдарпай пешбинӣ гардида, ҳадафи асосии он таъмини фарогирии пурраи аҳолии ҷумҳурӣ бо шабакаи 5G буда, нишондиҳандаҳои зерин муқаррар гардидаанд:

– то охири соли 2026 – фарогирии на камтар аз 15 фоиз;

– то охири соли 2027 – фарогирии на камтар аз 35 фоиз;

– то охири соли 2028 – фарогирии на камтар аз 50 фоиз;

– то охири соли 2029 – фарогирии на камтар аз 75 фоиз;

– то охири соли 2030 – таъмини фарогирии 100 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ.

Татбиқи марҳилавии Нақшаи мазкур барои рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои инноватсионӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар ин замина аз ҷониби Хадамоти алоқа шароити мусоиди рушди соҳа фароҳам гардида, такмилу таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд таҳти назорат қарор дода шуда, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи муштариён ва мутобиқсозии соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарури амалӣ гардонида мешаванд.

Баҳри тақвият ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаи алоқа, Хадамоти алоқа чунин вазифаҳоро дар давраи соли 2026 ба нақша гирифтааст:

– дар самти беҳбудӣ бахшидани хизматрасонии почтаи фаврӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодааст. Муосиргардонии фаъолияти корхонаи соҳаи почта афзалияти дигари фаъолияти соҳавӣ эътироф гардида, бо ин васила барои рақамикунонии соҳаи муросилоти почта, инчунин истифодаи он барои вусъат додани фаъолияти маркетплейсҳо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, масъалаи ҷалби ширкатҳои байналмилалии почта ва дигарон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баррасиву муҳокима бо назардошти манфиатҳои миллӣ қарор дорад.

– сохтмон, таҷдид ва таъмири шоҳроҳҳои алоқаи магистралии нахи нурӣ;

– идома додани лоиҳаҳои воридсозӣ, истифодабарии таҷҳизоту технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсионӣ;

– афзоиш додани ғунҷоиши каналҳои берунаи байналмилалӣ ва коммутаторҳои дастрасӣ ба шабакаи интернет;

– бунёди марказҳои коркарди маълумотҳо;

– таъсиси махзани маълумотҳо;

– рушди инфрасохтори зарурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586;

– бо мақсади тақвияти рушди бомаром ва устувори соҳа, таҳия гардидани лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва пешниҳод намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таъсиси маркази мониторинг ва таҳлили сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ (QoS center).

Сатҳи хизматрасонии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, Хадамоти алоқа барои фаро гирифтани минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.