Мулоқоти  Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони Иттиҳоди ҷаҳонии почта (UPU)

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти  Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони Иттиҳоди ҷаҳонии почта (UPU)

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария  Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо роҳбарияти Иттиҳоди ҷаҳонии почта мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши равобити бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, ба дурнамои рушди соҳаи почта дар шароити рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки мутобиқсозии хизматрасониҳои почта ба талаботи иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши хизматрасониҳои электронӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ба ҳисоб мераванд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаҳои Шӯрои операторони почта ва Шӯрои маъмурияти Иттиҳоди ҷаҳонии почта баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди хизматрасониҳои почтавӣ, рақамикунонии соҳа ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ барои кишварҳои аъзо мавриди баррасии амиқ қарор доранд.

Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои дахлдори Иттиҳоди ҷаҳонии почта ва истифодаи васеи имкониятҳои ташкилот барои рушди минбаъдаи соҳаи почта дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори почтавӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ изҳор намуданд.