Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ: мулоқоти Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа бо роҳбарияти Иттиҳоди ҷаҳонии почта
Имрӯз, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Иттиҳоди ҷаҳонии почта, Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо Директори генералии ин ниҳод Масаҳико Метоки вохӯрии корӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба идомаи узвият дар Иттиҳоди ҷаҳонии почта ва танзими масъалаи аъзоҳақиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, диққати махсус ба рушди ҳамкориҳо дар самти хизматрасониҳои молиявии почта, густариши тиҷорати электронӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак равона гардид.
Дар рафти суҳбат имкониятҳои муосири рушди соҳаи почта, аз ҷумла рақамисозӣ, беҳсозии сифати хизматрасонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти почта ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки истифодаи технологияҳои нав ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад ба рушди устувори низоми почтаи кишвар мусоидат намояд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо ҳадафҳо ва афзалиятҳои Иттиҳоди ҷаҳонии почта барои солҳои 2026–2029 ҳамоҳанг буда, заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меорад.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои нав дар самти рушди соҳаи почта ва хизматрасониҳои алоқавӣ таъкид карданд.