Рузи 28 марта дар фазои пурнишоти баҳорӣ ва дар партави анъанаҳои дерини миллӣ, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин ҷашни бостонӣ, ки муждарасони эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав аст, кормандони соҳаи алоқаро низ гирди ҳам оварда, руҳияи ҳамбастагӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшид.
Маросими идона бо сухани ифтитоҳии Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло оғоз ёфт. Ӯ зимни табрикоти самимӣ иброз дошт, ки: «Наврӯз рамзи эҳёи табиат, покии қалбҳо ва оғози саҳифаи нави зиндагист. Мо бояд бо илҳом аз ин ҷашни бостонӣ фаъолияти худро боз ҳам пурмаҳсул намуда, дар рушди соҳаи алоқа ва пешрафти кишвар саҳми арзанда гузорем».
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ намояндагони тамоми сохторҳои зертобеи Хадамот ва кормандони соҳаи алоқа фаъолона иштирок намуда, бо либосҳои миллӣ ва чеҳраҳои болида фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳа барои хизматҳои шоён бо унвонҳои фахрии “Устоди алоқа”, ифтихорнома ва сипосномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ин иқдом нишони эътирофи заҳмати содиқона ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди соҳаи алоқа арзёбӣ шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби сохторҳои гуногуни Хадамот дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, шириниҳои суннатӣ, меваҳои хушк ва тару тоза, инчунин ороишоти рамзии баҳорӣ ороста шуда, ҳусни ҷашнро дучанд намуд.
Таҷлили Наврӯз дар Хадамоти алоқа на танҳо як чорабинии идона, балки таҷассумгари арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рӯҳияи дастаҷамъӣ ва эҳсоси масъулият дар роҳи хизмат ба Ватан арзёбӣ гардид. Ин гуна чорабиниҳо ба рушди фарҳанги ташкилотӣ ва боло бурдани руҳияи кормандон мусоидат намуда, заминаи пешрафтҳои минбаъдаро фароҳам месозанд.